Тавсифи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон / Реферат
Нақша: 1. Мафҳум ва моҳияти низоми бонкӣ. 2. Рушди низоми бонкӣ ва омилҳои ба он таъсиррасонанда. 3. Бонки миллии Тоҷикистон – зинаи асосии роҳбарикунанда дар низоми бонкии Тоҷикистон. 1. Мафҳум ва моҳияти низоми бонкӣ. Бонк дар ҶТ ташкилоти давлатӣ, тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад, ки барои ҷалб намудани амонатҳо ва дигар воситаҳои пулӣ бо мақсади истифодабарии он ба масқади қарздиҳӣ бо шарти баргардонидан, музднок, таъҷилӣ ва инчунин барои иҷроиши ҳисоббаробаркуниҳо бо хоҳиши миҷозон ташкил карда шуддаст. Бонк ҳамчун шахси ҳуқуқӣ баромад карда, фаъолияти худро дар асоси Конститусияи ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва дигир санадҳои иқтисодӣ меъёрии БМТ ва оинномаи худ фаъолият менамоянд. Бонкҳо дар ҶТ дар асоси бонкҳо хусусӣ, тижҷоратӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ метавонанд ташкил гарданд. Мафҳуми «низом» дар илми ҳозира васеъ истифода мешавад. Истилоҳоти «низом» ва «низоми бонкӣ» ба ҳам алоқаманд буда, мафҳуми васеӣ ба ҳаммуттаҳ...