Истиқлолияти ватан


Бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ ва заиф гаштани сутунҲои Ҳокимият дар ҶумҲурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низои дохилӣ ба миён омада,  ба хоҷагии халқ  хисороти зиёд ворид сохт 

    Ҳазорон нафар Ҳамватанони мо аз манзили иқоматӣ маҲрум гашта,  қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ гардиданд. Новобаста ба ин,  халқи тоҷик ба субҲи умед эътимод дошта бо чунин андеша тасаллӣ меёфт:

  Аз ноумедиҲо басе умед аст, 

  Поёни шаби сиёҲ сафед аст.

Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҲифаи фаромўшнашуданӣ ва Ҳузнангез сабт шудааст,  то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад. БешубҲа Иҷлосияи 16 Шўрои Олии ҶумҲрии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда,  дар таърихи миллати тоҷик саҲифаи наверо боз намуд. МаҲз  Ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъмин нмуда,  дастгоҲи нави давлатиро,  ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад,  рўйи кор овард. 

   Президенти ҶумҲурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РаҲмон  Ҳанўз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рўйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд,  зеро он дар кишвар  гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.  Дар Иҷлосияи вафқ ба Раиси Шўрои Олии ҶумҲурии Тоҷикистон ваколати сардори давлат дода шуд. Ба ўҲдаи сардори давлат таъмини Ҳуқуқ ва озодии шаҲрвандон,  Конститутсия ва Қонуни ҶумҲурии Тоҷикистон  вогузор гардид.

    Хулоса,  давлати навтаъсисе,  ки ба миён омад,  фаъолияти худро аз Оштии миллӣ,  гирифтани силоҲ аз мардум,  авф,  баргардонидани гурезагон,  таъмини Ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид. 

    Сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат низоми ҷомеаро ба вуҷуд оарда,  мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.  Воқеан,  донаи умед ба таровату  файзу борони Оштии миллӣ дар дили Ҳар як сокини кишвар сабзид. Оре: 

    Ба Ҳар коре,  ки Ҳиммат баста гардад, 

    Агар хоре бувад,  гулдаста гардад. 

Ҳар сол Истиқлолияти Давлатии ҶумҲурии Тоҷикистон дар фазои ором мутантан ҷашн гирифта мешавад. Ҳама пешрафту нумўи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи 16  - уми Шўрои Олии ҶумҲурии Тоҷикистон  сарчашма мегирад. Зеро  маҲз Ҳамин Иҷлосия чун субҲи босафо бар шоми миллат ғолиб омада,  ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҲам овард. Ва бори дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкорӣ Ҳидоят намуд.

 Хуллоса, Ҳар рўзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ азхудкунии асосҲои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеаи демокративу дунявиро талқин мекунад. Вазифаи Ҳар як фарди ҷомеа  аз он иборат аст,  ки баҲри оромии кулл ва Ҳифзи сарватҲои Тоҷикистони азиз саҲми худро гузорад. Зеро: 

Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт, 

Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт.


Популярные сообщения из этого блога

Иншо ё эссе дар бораи муаллим – устод, омузгор

Забон дони - ҷаҳон дони

Меҳри модар