Одоби меҳмондорӣ
Чу меҲмон оядат, дилшод мебош,
Зи Ҳар банду ғаме озод мебош.
Носири Хисрав
Мардуми тоҷик дар меҲмондорӣ Ҳамто надоштанд ва Ҳатто душмани худро бо нозу неъмат пешвоз мегирифтанд.
Дар гузашта шоҲе буд бо номи Кирмон бағоят сахиву меҲмондор, Ҳамеша дари меҲмонхонаи ў барои Ҳамагон кушода.
Ҳар кӣ ба шаҲри ў меомад, аз нону намаки ў баҲраманд мегашт. Рўзе шоҲи кишвари Ҳамсоя – Азизуддавла лашкар кашида қасди давлати ў кард. КирмоншоҲ қудрати бо ў ҷангидан надошт ва ба қалъа паноҲ бурд. Ҳар рўз лашкари Азизуддавла ба сари Ҳисор омада, ҷанги сахт мекарданд. Ҳар шаб шоҲ Кирмон он миқдор таом, ки лашкари Азизуддавларо кифоят буд, мефиристод.
Азизуддавла пурсид, ки: «Рўз ҷанг кардан ва шаб нон додан чӣ маънӣ дорад?». КирмоншоҲ ҷавоб дод: «Ҷанг кардан изҲори мардист ва нон додан вазифаи мардумӣ. ОнҲо агарчи душманонанд, аммо ғарибу мусофир дар шаҲри мананд ва аз доираи одамгарӣ набошад, ки дар ватани ман нони худ хўранд. Азизуддавла бигрист ва гуфт: "Касеро, ки чандин мурувват бошад, бо вай ҷанг кардан аз бемуравватист". Ин гуфт, лашкари худ бозгардонид ва онҲо бо Ҳам дўст гаштанд.
Пеш аз меҲмонӣ рафтан мо бояд соҲибхонаро огоҲ созем:
Бе хабар бар хони кас меҲмон машав,
МеҲмонат гар расад, пинҲон машав.
Фаридуддин Аттор
Мақсад аз меҲмонӣ хўриши хўрок намебошад. Бо пиёлаи об ва пораи нон Ҳам метавон меҲмон қабул кад. Ҳангоми меҲмон шудан камбудӣ кофтан аз дастурхони мизбон аз рўйи одоб нест:
Бихўр, Ҳар чӣ пешат ниҲад мизбон*,
Ҳама тан ба шукронааш шав забон.
Ва гар хеҷ надҲад, тақозо* макун,
Хаёли талабро ба дил ҷо макун.
МеҲмонӣ вақти муайян дорад ва агар он риоя нагардад, боиси малоли тарафҲо мешавад. Шарти муҲими меҲмондорӣ ширинсухан ва хушмуомила будани соҲибхона мебошад:
Мизбоне, ки зи xон сер кунад меҲмонро,
Чӣ зарур аст, ки ороста созад хонро?
Сойиби Табрезӣ
Шахсони саховатманду Ҳунарпешаро хонашон доимо барои меҲмон густурда мебошад. Аз дастархони нокас одамон бо миннат нон мехўранд ва пой намекашад, ки ба хонаи онҲо биравем. Савоби меҲмондор зиёд аст ва ин тоифа давлати ҷовидонӣ хоҲанд ёфт.