Ҷавонон- ояндаи миллат

 Ҷавонон- ояндаи миллат

 Ҳар як насл таҷрибаю дониши андўхтаашро ба насли оянда мерос мегузорад. Ин таҷриба бо гузашти вақт такмил меёбад ва чун дастовард дар пешрафти ҷомеа ба кор бурда мешавад. Ҷавонон дар Ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Аз ин рў эътибори давлат ба онҲо бештар аст. 

Сарвари давлатамон Эмомалӣ РаҲмон ин масъаларо муҲим хондаанд ва гуфтаҲои эшон намунаи ибрат мебошад: «Агар ҷавонон ояндаи миллат бошанд, ҷавонони боистеъдоду лаёқатмандро метавон мояи ифтихор ва сарбаландии он номид. МаҲз ҷавонони соҲибмаърифату боистеъдод қудрат доранд, ки бори гарони илму фарҲанги миллати хешро бар дўш кашида, Ҳамчун Ҳалқаи зарурӣ дар занҷири маърифати аз насл ба насл омада хидмат намоянд.

МаҲз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи Ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҲо ва рўҲи абадзиндаи аҷдодони бофарҲанги хешро, ки Ҳанўз дар аҲди Сомониён соҲиби марказҲои бузурги тамаддун ва доираҲои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҲё намоянд. 

МаҲз Ҳамин гуна ҷавонон метавонанд, ки бо кашфиётҲои нави илмию техникӣ, бо асарҲои рангорангу пурмазмуни замонавӣ, бо санъату Ҳунари баланди худ миллати асрҲо бо фарҲангу тамаддуни хеш шўҲратёфтаашро боз Ҳам бештар шўҲратманд гардонанд ва дар назари оламиён исбот созанд, ки онҲо ворисони асили Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ, Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Абўалӣ ибни Сино, Носири Хисрав, Ҳофизу Саъдӣ, Камоли Хуҷандию АбдураҲмони Ҷомӣ, АҲмади Донишу Садриддин Айнӣ мебошанд».

Ҳоло дар кишвари мо сулҲу субот пойдор аст. Ин заминаи мустаҲкамест барои фаъолияти озоди ҷавонон. Дар ин давраи пешрафти илмиву маънавӣ ҷавонони моро лозим меояд, ки илмҲои замонаро пурра азхуд намоянд ва аз дастовардҲои оламиён бохабар бошанд, вагарна дар арсаи байналхалқӣ худро муаарифӣ карда наметавонанд. Дар Тоҷикистони соҲибистиқлоли мо Ҳамаи шароит барои пешбурди кор муҲайё мебошад. Дар мактабҲои миёна таҲсил ба таври ройгон сурат мегирад ва дар макотиби олӣ низ гурўҲҲои буҷавӣ бештар амал менамоянд, ки дар бисёр давлатҲо омўзиш ингуна нест. Ниёгони  хирадманди мо мероси гаронбаҲои маънавиро баҲри ворисон  гузоштаанд. Моро истифода аз он шарт ва зарур аст. Шаробхорӣ ва нашъамандӣ доғи рўз мебошад. Ҷавонони мо бояд  аз ин амалҲои номатлуб даст кашанд. Шарти муҲим дар ҷавонӣ эҲтироми калонсолон мебошад:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,

То азизи дигарон бошӣ ту низ. 


Популярные сообщения из этого блога

Иншо ё эссе дар бораи муаллим – устод, омузгор

Забон дони - ҷаҳон дони

Меҳри модар