Дурўғгўй ба мақсад намерасад
Рост ҷў, рост нигар, рост гузин,
Рост гў, рост шунав, рост нишин.
АбдураҲмони Ҷомӣ
Сухани рост гуфтан нишонаи мардонагист. Худованди бузург бандагонашро ба ростгўйӣ Ҳидоят мефармояд. Сухани дуруст марҲами дилҲост ва моро аз балоҲо раҲоӣ мебахшад. Алӣ ибни Абўтолиб фармудаанд: «Ҳақро дар Ҳама Ҳол бигў, парҲезгоронро ёвар бош ва аз фосиқон дурӣ гузин».
Имом Ҳусайн гуфтаи ҷолибе дар ин мавзўъ доранд: «Ростгўйӣ сарфарозӣ ва дурўғгўйӣ нотавонист».
Абулқосими Фирдавсӣ дурўғгўйро душман меҲисобад:
Ҳар он кас, ки бо ту нагўяд дуруст,
Чунон дон, ки ў душмани ҷони туст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Аз сухани рост касе зиён намебинад ва он оромиши рўҲу тан мебошад:
БеҲ аз ростӣ дар ҷаҲон кор нест,
Ки дар гулбуни ростӣ хор нест.
Фаридуддин Аттор
Шахси дурўғгўй обрўяшро аз даст медиҲад:
Ҳар он касро, ки гуфтораш дурўғ аст,
Зи рўйи ақл рўяш бефурўғ аст.
Носири Хусрав
Дар осори Саъдии Шерозӣ ин мавзўъ хеле хуб Ҳаллу фасл гардидааст:
Дурўғ одамиро кунад бевиқор,
Дурўғ одамиро кунад шармсор.
* * *
Дурўғ, эй бародар, магў зинҲор,
Ки козиб бувад хору беэътибор.
Дурўғ гуфтан ба зарбати шамшер монад, ки агар низ ҷароҲат дуруст шавад, нишон бимонад.
Аз мардуми дурўғгўй мардум меҲаросанд, бо онҲо дўстӣ намеварзанд. Ин тоифа аз боварии одамон барвақт баромадаанд: «Он ки ба дурўғгўйӣ мансуб гашт, агар рост гўяд, аз ў бовар надорад» (Марзбоннома).
Шахси ростгўй тарбиятгар мебошад. Ўро метавон хирадманд Ҳисобид. Ин қабил одамон дар дўстиву рафоқат устуворанд, ба қадри Ҳамаи хубиҲо мерасанд ва аз эшон касе зарар намебинад. Ба ин хотир моро лозим меояд, ки дар пайи ростиву дурускорӣ бошем, ки гуфтаанд:
Ростиро набувад Ҳеҷ заволе ба ҷаҲон,
Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад.
Саидои Насафӣ