Варзиш гарави саломатӣ


Тани мо ба варзиш ниёз дорад. Варзиш одамро зебову тансиҲат нигоҲ медорад. Ҳангоми ба варзиш машғул шудан мо дар ҷисми худ сабукиро Ҳис менамоем. Одамони танбал ва пурхўр аз варзиш дуранад ва оқибати ин бешубҲа Ҳеҷ аст:

Таносоиву коҲилӣ дур кун,

Бикēшу зи ранҷи танат сур кун.

Ки андар ҷаҲон суд беранҷ нест,

Ҳамонро, ки коҲил бувад, ганҷ нест.

Хусрави ДеҲлавӣ

Тани солим барои инсон беҲтарин давлат мебошад. Моро лозим аст, ки барои тансиҲатии хеш талош варзем. МаҲз варзиш дар ин ҷода раҲнамои мост. Танбаливу коҲилӣ ва аз варзиш дур будан моро аз ин роҲи дуруст бозмедорад:


Чу коҲил бувад марди барно ба кор,

Аз ў сер гардад дили рўзгор.

Намонад равон тандурусту ҷавон,

Мабодаш равону мабодаш забон.

  Хусрави ДеҲлавӣ

Варзишгарон дар хўрдани таом эътидолро риоя менамоянд, ки ин Ҳам як шарти тансиҲатист. Аз нигоҲи табиби табибони ҷаҲон Абўалӣ ибни Сино «Ҳеҷ чиз бар сиҲҲати инсон бештар аз он садама намезанад, ки ғизо бар рўйи ғизо тановул намояд».

Ҳангоми ба варзиш машғул шудан Ҳазми хўрок осон мегардад ва тамоми узвҲои инсонӣ Ҳар рўз қувваи тозае пайдо мекунанд.

Яке аз шартҲои муҲим дар соҲаи варзиш ин истеъмол накардани шароб мебошад. Пас, варзиш саросар моро ба роҲи покӣ сафарбар менамояд. Аз шаробхўр ва шахси бадмаст Ҳама безоранд. Обрўйи онҲо коста гардидааст. ОнҲо дўстро аз душман фарқ карда наметавонанд:                   


Аз таому шароб бошӣ дур,

Нахўрӣ в-ар хўрӣ, ба қадри зарур.

Ақл, к-он фавқи тоқати бадан аст,

Теша бар пойи хештан задан аст.

                                   Камолиддини Биноӣ

Варзишгарон давлати худро ба ҷаҲониён муааррифӣ менамоянд, онҲо парчамбардори миллатанд. Бисёр давлатҲоро бо варзишгаронаш мешиносанд. Ба таври мисол, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар бозиҲои ҷаҲонӣ шўҲрати кишвари моро дар арсаи ҷаҲонӣ афзуданд. Халқи тоҷик бо онҲо ифтихор доранд. 

Номи варзишгарон вирди забони хурду калон мебошад. Аз ин рў, моро лозим меояд, ки баҲри тансиҲативу солимӣ Ҳамеша ба варзиш машғул бошем ва бигзор номи варзишгарони мо вирди забони олмиён гардад.

Популярные сообщения из этого блога

Иншо ё эссе дар бораи муаллим – устод, омузгор

Забон дони - ҷаҳон дони

Меҳри модар