Зиндагӣ бе орзу ширин набуд
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд
Маънии Ҳақиқии Ҳаёт рўҲи бедору дили зинда аст.Алӣ ибни Абўтолиб
Зиндагӣ роҲи пурпечутобест, ки тай кардани он кори басо мушкил мебошад. Оқилону хирадмандон дар ин роҲ устуворона қадам мезананд ва онҲо барои мо намунаи ибратанд. Дар зиндагӣ бояд мардона зист. Умед ба ояндаи нек мардонагист. Дар зиндагӣ ноумед набояд шуд, ки ноумедӣ танҲо хоси шайтон аст. Орзуву умед Ҳар рўзи моро ширину рангин месозанд. Умед ба гулгуншукуфоии ватан, орзуи пайдо кардани дўстони нав, Ҳаваси таҲсил намудан, хоҲиши хидмати падару модарро кардан, таманнои комёб гаштан дар зиндагӣ вуҷуди моро Ҳеҷ гоҲ тарк намекунад.
Дунё барои хуфту хоб офарида нашудааст. Ҳамагонро лозим аст, ки баҲри пешрафти ҷомеа ва ободии диёри хеш талош варзанд:
Бедор шав, дило, ки ҷаҲон ҷойи хоб нест,
Эмин дар ин хароба нишастан савоб нест.
Хусрави ДеҲлавӣ
Шахси меҲнаткаш ва Ҳалолкор умед ба фардои дурахшон дорад ва дар зиндагӣ устувор аст, бо кўшиши худ мехоҲад комёб гардад:
Дар ҷаҲон болу пари хеш кушудан омўз,
Ки паридан натавонӣ ту ба боли дигарон.
МуҲаммад Иқбол
Дилгармӣ ба ояндаи нек зиндагиро ширину гуворо месозад, вагарна олам бароямон торикистон мегардад:
Зиндагӣ бар орзу дорад асос,
Хешро аз орзуи худ шинос.
Зиндагиро рангин сохтан аз худи мо вобаста мебошад. Касе хонаву дар ва ватани моро обод намесозад, ба ҷуз мо. Аз ин рў бояд Ҳамеша некандеширо пеша намоем ва дар Ҳама кор некбин бошем. МаҲз Ҳамин омил орзуи моро қабои рангин дар бар месозад ва хаёлоти ширин Ҳамеша таманнои ба бар кардани онро дорад. Танбалону бехирадон, ки дар ободиву пешрафт саҲм намегузоранд, дар дил орзуи нек низ парварида наметавонанд. Бар замми ин онҲо дигаронро бо Ҳар баҲона аз кори хайр бозмедоранд. Дар ин маврид гуфтаи Алӣ ибни Абўтолиб моро сабақи рўзгор мебошад: «Аз касоне, ки пеш аз шумо буданд, ибрат бигиред, пеш аз он ки ояндагон аз шумо ибрат гиранд».
Мўйсафеди Ҳаштодсолае машғули наҲолшинонӣ буд ва ҷавоне ботааҷҷуб аз ў пурсон шуд: «Дарахт баҲри ки шинонӣ, ки хўрдани Ҳосилаш туро яқин насибат нагардад». Мўйсафеди хирадманд оромона посух дод: «Инро баҲри ояндагон мешинонам, ки моро гузаштагон чунин тарбият намудаанд. Ояндагон баҲри ворисони худ ин амали хайрро такрор мекунанд. Ин аст Ҳикмати асили рўзгор».
Умед ба фардои нек зиндагии моро ранги тоза мебахшад. Ноумедӣ қалби одамро мекушад. Ба хотири пешрафту гулгуншукуфоии кишвари азиз, ба умеди сарҷаъмии мардумон, пойдории сулҲу ваҲдат мо бояд устуворона ба пеш қадам гузорем. Ин аст мақсади Ҳар як инсони солимфикр.