Некӣ бимонад ҷовидон
Агар хоҲед, ки номи шумо ба некēйӣ ёд шавад, номи дигаронро ба бадӣ ёд накунед. Алӣ ибни Абўтолиб
Некӣ кардан аз хислатҲои хуби инсонсонист. Китоби қадимаи тоҷикон «Авасто» моро ба сўи хубиҲо «рафтори нек, гуфтори, пиндори нек» раҲнамун месозад. Бо кори нек мо ба дили мардумон роҲ меёбем. Некиро Ҳеҷ кас фаромўш намекунад. Одами оқилу хирадманд Ҳамеша дар пайи иҷрои амалҲои хуб мебошад. Абулқосими Фирдавсӣ моро ба некӣ кардан даъват намудааст, ки он саранҷом хубӣ меорад:
Ба гетӣ мамонед ҷуз номи нек,
Ҳар он кас, ки хоҲад саранҷоми нек.
Ба осоишу некномӣ гирой,
Гурезон шав аз марди нопокрой.
Абулқосими Фирдавсӣ
Номи некон аз забон намеравад ва мардум баъди ҲазорсолаҲо аз онҲо ёдоварӣ мекунанд. Корнамоии фарзандони барўманди тоҷик Шерак, Деваштич ва Темурмалик баҲри дифои кишвари азизи аҷдодиамон мисоли ин гуфтаҲост. Ин фарзандони барўманди ватан, ки қалбашон саршори меҲру муҲаббат ба диёр буд, барои ватан ҷон доданд ва ояндагон онҲоро бо некӣ ба хотир меоранд, фарзандони худро дар ин руҲия тарбият менамоянд.
Ҳақ бар ҷониби Саъдии Шерозист, ки фармудааст:
Саъдиё, марди накēном намирад {аргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накўйӣ набаранд.
Бо хешу табор, Ҳамсоягон ва Ҳамкорону наздикон бояд хушмуомила бошем ва дар ғайбашон некии онҲоро биандешем. Ин аст бунёди мустаҲками зиндагонӣ, ки роҲи ростро бароямон боз мекунад.
Некиро Ҳар кас карда наметавонад, вале бадӣ аз дасти Ҳамагон меояд. Аҷаб Ҳикатест дар офариниши олам. Шахси некро подош мунтазир аст ва бадонро ҷазову уқубат. Пас, чаро мо шайтони лаъинро аз вуҷуди худ дур наронем ва дар пайи накўкориҲо накўшем, ки номамон ҷовидон вирди забонҲо гардад:
Чунон кун зиндагонӣ дар замона,
Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.
Хусрави ДеҲлавӣ
Чунон бояд тариrи зиндагонӣ,
Ки баъд аз мурдани худ зинда монӣ.
Бадриддин Ҳилолӣ