Мардӣ набувад фитодаро пой задан
Ҷавонмардон қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Ҳамагонро мебояд, ки аз онҲо ибрати рўзгор бигиранд. ОнҲо ба бозмондагон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Ба фақирон мискинон беэътиборона муносибат намудан хоси мардон набувад:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кўру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
АбўабдуллоҲи Рўдакӣ
Инсон бояд Ҳамеша дар пайи мардиву ҷавонмардӣ бошад:
Ҷавонмардию ростӣ пеша кун,
Ҳама некўйӣ андар андеша кун.
Абулқосими Фирдавсӣ
Хони мардон доимо барои мардум густурда аст. Ин Ҳам як оини мардист: «Агар хоҲӣ, ки бартар аз мардумон бошӣ, фарохнону намак бош».
Унсурулмаолии Кайковус
Мардон дар зиндагӣ устуворанд ва дар роҲи пурпечутоби он нотарсона қадам мегузоранд:
Ҳар кӣ мард бувад, бок надорад зи ғаме,
Ҳар кӣ ў шер бувад, маст нагардад зи табе.
Абулмаҷид Саноӣ
Тамкин ва матонат хоси мардон аст: «Мардӣ на ин аст, ки Ҳамла овард, балки мардӣ он аст, ки дар вақти хашм худро ба ҷой бидорад ва пой аз Ҳадди инсон берун наниҲад». Саъдии Шерозӣ
Ба касе хубӣ кардан ва такрор ба такрор онро гуфтан аз оини ҷавонмардон нест:
Дар ҷавонмардиву мардӣ Ҳар кӣ коре беш кард,
Ноҷавонмардӣ бувад, к-ў бар забон орад сухан
* * *
Касеро, ки мардӣ бувад андаке,
Агар сад кунад, з-он нагўяд яке.
Хусрави Де{лавӣ
Ҷавонмардон барои симу зар бо касе дўстӣ намекунанд. ОнҲо дарҲақиқат дўстони ҷонианд:
Ба симу зар ҷавонмардӣ тавон кард,
Хуш он кас, к-ў ҷавонмардӣ ба ҷон кард.
Ба ҷон чун эҲтиёҷи ёр бишнохт,
Ҳаёти худ фидои ҷони ў сохт.
Саид Умархоҷаи Бухороӣ зинаҲои ҷавонмардиро ин гуна баҲо медиҲад: «Аввали ҷавонмардӣ хашми худ фурў хўрдан аст ва миёнаи ҷавонмардӣ аҲду паймон нашикастан аст ва охири ҷавонмардӣ кушодарēй будан аст».
Хулоса, ҷавонмардон барои пешрафти ватану диёр Ҳамеша камари Ҳиммат бастаанд ва аз эшон касе зарар намебинад. ОнҲо доимо дар пайи иҷрои амалҲои хуб мебошанд. Бигзор сафи ин тоифаи мардумон зиёда гардад, ки ин боиси амалӣ гаштани орзуву армонҲои мо мегардад.