Фаслҳои сол
ЧаҲор фасли сол, чаҳор нерўи мўъҷизакор, чаҳор бародари тавонову накўкор аст, ки аҳли башарро ризқу хушрўзиҳо мебахшанд, замину замонро ободу амон мебахшанд. Гузашти чор фасл, ивазшавии онҲо санъати бузургест, ки Офаридгор онро идора мекунад.
Аз баҲор ёд мекунем, ки бедории табиат, эҲёи арзу само, ибтидои гирудорҲои деҲқон ба хотири фардост. БаҲор эъҷозкор аст, дашту даманро сабзҷома ва Ҳариру пургулу мунаққаш мепўшонад. БоғистонҲоро чанбари гул ба сар мениҲад, мурғони хушилҲонро ба наво меорад, дилҲоро фараҲу нузҲат мебахшад. Дар миёни ин чаманистон инсони хушдилу сарбаландеро мебинем, ки бовиқор қадам мезанад, камарбаста, синафарох, дурнигоҲ, оламбин асту пайи амал, ҷўёи ризқи мардум, ба ҷодаи дилёбиву некномӣ ҷадал дорад. Дар ин фасли заррин табиат аз нав эҲё гашта, дар дили пиру ҷавон нишони зиндагии пуршўру фараҲовар аз нав арзи Ҳастӣ менамояд. Рангорангии табиат ба дилҲо қувват мебахшад. Айёми ишқварзии ошиқону дилбохтагон фаро мерасад. Дар ин фасл мо иди миллии тоҷикон–Наврўзро ҷашн мегирем.
Ҳар як қавму миллат расму оин ва идҲои худро дорад, ки дар рушду такомули он ниёгонаш Ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар қатори расму оинҲои пешқадами ниёгони мо иди Наврўзро ном мебаранд ва меписанданд.
Наврўз аз қадимулайём иди баҲор буд. Ниёгони мо дар рўзи иди Наврўз дастурхонашонро бо нозу неъмат оро дода, ба рўйи он 14 навъи неъмат: Ҳафтсину Ҳафтшин мегузоштанд, ки Ҳар кадомаш рамзи худро дошт.
Имрўз халқи мо анъанаҲои ниёгони худро пос дошта, иди Наврўзро Ҳамчун ҷашни умумихалқӣ бошукўҲу ботантана истиқбол мегиранд. Омад- омади баҲори хуррамро мардуми мо бо кишти зироату рақсу суруд пешвоз мегиранд. ДеҲқон ба замин дона мепошаду ба ризқу рўзии ояндааш таҲкурсӣ мегузорад.
Дар рўзҲои наврўзӣ кўҲистони мо ҷомаи рангин ба бар гирифта, ба табиат Ҳусни тозае зам намудаааст. Дар талу теппаҲо гулҲои сияҲгўш, бойчечак, гули наврўзӣ ва ғайра пайдо шуда, аз фарорасии фасли баҲор дарак медиҲанд. Дар ин айём бачаҲо гулҲои аввалинро чида, гурўҲ-гурўҲ суруд замзама мекунанд:
БаҲор омад, баҲор омад,
Гули савсан қатор омад,
Ба деҲқон вақти кор омад,
БаҲори нав муборак бод!
Тобистон фаро мерасад, ки авҷи кору ғайрат, фасли долу зарби амали деҲқон аст.
ТирамоҲи заррин фасли баракату заҲмати айёми лабрез кардани анборҲо, қадкашии кўҲҲои "тиллои сафед", шаҲдрезии боғистонҲои мост. ДеҲқон мехоҲад, ки хонадони мардум обод, дастархонашон пури нон, лаболаб аз шаҲду шакар, рўзгорашон хушу саодатманд бошад.
Зимистон сафедпўш омада давр меронад. Дашту биёбон, боғоту марғзор, киштзорони се фасл заҲматкашида зери кўрпаи барф фароғат доранд.