Касбу ҳунар беҳ аз зарри падар

Ҳунар чун мушк бувад, мушк кай ниҲон гардад?!

Шуғли инсон ганҷи бепоён аст. Ободӣ ва  осудагии рўзгори мардумон аз касбу кори онҲо вобаста мебошад. Ҳар як фард бояд пешае дошта бошад, то дар зиндагӣ хору зор нагардад. Фирдавсии Тўсӣ арзиши Ҳунарро аз Ҳама боло медонад:   


Ҳунар беҲтар аз гаҲвари номдор,

Ҳунармандонро гавҲар ояд ба кор.

Туро бо Ҳунар гавҲар асту хирад,

Равонат Ҳаме аз ту ромиш барад.

Ҳунар зодаи дониш аст. Илму хирад ҷаҲонро рўшаниандоз мебошанд. Аз шахси донишманд Ҳунарманди хуб мебарояд:  


Ҳунар ҷўю бо пири доно нишин,

Чу хоҲӣ, ки ёбӣ зи бахтофарин.

Абулқосими Фирдавсӣ

Касберо соҲиб шудан басо кори мушкил ва заҲматталаб мебошад. Ин раҲи умед пастиву баландиҲои зиёде дорад, ки Ҳар касро тоқати тай кардани он набошад. Шахси хирадманд дар ин ҷода устуворона қадам мезанад ва оқибат ба мақсади худ мерасад:

Ҷўйи шир ояд бурун аз кўҲ баҲри кўҲкан,

Рўзии худ мекунад соҲибҲунар Ҳосил зи санг.

  Сайидои Насафӣ

Нафароне кам нестанд, ки аз моли падар мефахранд ва дар омўзиши касбу Ҳунар танбалӣ мекунанд. Чашмони онҲоро пардаи торик гирифтааст, ки роҲи раҲоӣ намеёбанд. Албатта оқибати он Ҳеҷ аст: 

 

Ҳар писар, к-ў аз падар лофад, на аз фазлу Ҳунар,

Филмасал, гар дидаро мардум бувад, номардум аст.

Шохи бебар арчи бошад аз дарахти мевадор

Чун наорад мева бор, андар шумори Ҳезум аст.

АбдураҲмони Ҷомӣ

МуслиҲиддин Саъдии Шерозӣ Ҳунарро чашмаи поянда ва давлати зоянда номидааст. СоҲибкасбони Ҳунарманд дар дилу дидаи мардумон ҷой доранд ва Ҳамеша онҲоро бо некӣ ёд мекунанд. Аз ин рў моро лозим аст, ки дар пайи омўзиши Ҳунар шабонарўз заҲмат кашем:


Айб аст, ки дар Ҳунар накўшӣ,

Сад айб ба як Ҳунар напўшӣ.

СоҲибҲунаре, ки ботамиз аст

Дар дидаи мардумон азиз аст.

Бадриддин Ҳилолӣ