Модар
Болотар аз меҲри модар ва гармтар аз қалби ў, фузунтар аз нури зиёаш дар дунё чизе нест. Ҳастӣ аз модар сарчашма мегирад. Дили гармаш ҷаҲонро рўҲафзоӣ мебахшад.
Пайғамбари ислом фармудаанд: «Ҷаннат дар зери қадами модарон аст». Муроди инсоният баҲраманд гаштан аз Ҳидояти Худованди бузург буда, ризоияти модар моро дар ин ҷода комёб месозад. Фарзанди ноқобил дар зиндагӣ бадбахт мешавад. Модар ҷисман ва рўҲан Ҳамеша бо мост.
Напалеон бузургии модарро чунин ба қалам медиҲад: «Модарон бо як даст гаҲвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонанд».
Модарон дар парвариш ва тарбияи мо ранҷи беандоза мекашанд. ШабҲо бедорхобӣ мекашанд, то мо осуда хуфта бошем.
Устод Лоиқ Шералӣ мегўянд:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
ФатҲу кушоиш орад дасти дуои модар.
Эраҷ Мирзо модарро боиси Ҳастии мо мехонад:
Гўянд маро чу зод модар
Пистон ба даҲон гирифтан омўхт,
Як Ҳарф, ду Ҳарф бар забонам
Алфоз ниҲоду гуфтан омўхт,
Пас Ҳастии ман зи Ҳастии ўст
То Ҳастаму Ҳаст дорамаш дўст.
Ва он фарзанде, ки ба қадри модаш намерасад ва ўро дар зиндагӣ хору зор месозад, Ҳеҷ гоҲ хушбахт намешавад. Дуои модарон моро раҲнамои зинадгист, аз ин рў баҲри ба даст овардани ризоияти модарон бояд пайваста талош варзем ва омодаи хизмати эшон ба ҷон бошем.
Абулқосими Фирдавсӣ хидмати падару модарро аз Ҳама арзишҲо боло донистааст:
Ба гетӣ Ҳаме панди модар ниюш,
Ба бад тез маштобу бар бад макўш!
Шабу рўз чун ҷон гиромиш дор,
Ки чун ҷон бипарвардат андар канор.
Дили бузурги модар фарзанди бадро низ дар худ ҷой медиҲад ва чашмони некбинаш чун фарзандони дигари накўсиришташ бар ў менигаранд:
Агарчанд фарзанд чун деви зишт,
Бувад назди модар чун Ҳури биҲишт.
БеҲуда нагуфтаанд, ки фарзанди нохалаф чун ангушти шашум бошад ва агар онро бибуранд, дард кунад ва агар бигузоранд, айб бошад. Аз ин тоифа Худованд модаронро паноҲ дорад. ИлоҲо, Ҳамеша модарони мо сарбаланд бошанд ва доғи фарзандро набинанд. Мо– насли ҷавон хидматгузори эшон бошем, то давлати ҷовидонӣ ёбем, ки гуфтаанд: «Модар ризо– Ҳама ризо».
