Дониш
Дар «Қуръон»- маҷид аввалин сухане, ки ба инсоният аз ҷониби Худованди бузург гуфта шуд, ин калимаи «бихон» мебошад. Ин ҷой Ҳикмате нуҲуфта аст, ки арзишашро бо моли ҷаҲон наметавон бар кашид. МаҲз тавассути хондану омўхтан пешрафт ба амал меояд. Илму дониш моро ба қуллаҲои баланди мурод мерасонад. Чашми шахси хирадманд Ҳақбин мебошад, дўстро аз душман фарқ мекунад, дар зиндагӣ ба қадри хубиҲо мерасад.
Пайғамбари ислом фармудаанд: «Зи гаҲвора то гўр дониш биҷўй». Имом Ҳасани муҷтабо Ҳифзи донишро авло шумурдааст: «Донишро фаро гиред ва агар тавони Ҳифз карданашро надоред, онро бинависед ва дар хонаҲоятон бигзоред».
Обрўи мардумон дар илм бошад ва шахси беилм мартабае надорад. Абулқосими Фирдавсӣ ин нуктаро хуб ба қалам медиҲад:
Ба дониш бувад мардро обрўй,
Ба бедонишӣ то тавонӣ, мапўй*.
Аз нигоҲи шоир шахси донишманду донишомўз аз дигарон бо рафтору гуфтор фарқ мекунад:
Касе, к-ў ба дониш тавонгар бувад,
Зи кирдору гуфтор беҲтар бувад.
Донишро бояд биомўзем ва шарти асосии он Ҳифз кардани он мебошад. Фаромўшӣ офати илм мебошад:
Ҳар он кас, ки дониш фаромўш кунад,
Забонро зи гуфтор хомўш кунад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Илм бояд дар амал татбиқ гардад, барои пешрафти ҷомеа хизмат кунад, вагарна аҲамияти он аз байн меравад:
Илмат ба амл чу ёр гардад,
Қади ту яке Ҳазор гардад.
Низоми Ганҷавӣ
Инсоният Ҳамеша ба омўзиш ниёз дорад. Дари дониш бо ҷидду ҷаҲд ва талошҲои пайваста ба рўйи мо боз мегардад. Абўшакури Балхӣ беинтиҲо будани роҲи донишро ба дар мисраҲои зер ифода менамояд:
То бад-он ҷо расид дониши ман,
Ки бидонам Ҳаме, ки надонам.
Абўшакури Балхӣ
Арзиши илм ва Ҳурмати соҲибилм Ҳеҷ гоҲ паст намегардад:
Аз шукўҲи подшоҲӣ Ҳурмати илм аст беш,
Он ки мири корвон бошад, мутеи раҲбар аст.
Калими Кошонӣ