Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт
Дўстӣ сарчашмаи Ҳамаи некиҲост. Аз дўстӣ одамон давлати ҷовидон хоҲанд ёфт. Бо дўстиву рафоқат олам пойдор мебошад. Ҳар як фарди солимфикр бояд дар ҷодаи дўстӣ устуворона қадам гузорад. Алӣ ибни Абўтолиб (ъ) дар ин мавзўъ қайди ҷолиб дорад «Нотавонтарини мардум касест, ки тавони ба даст овардани дўстонро надорад ва нотавонтар аз ў касест, ки дўсте ба даст орад ва ўро аз даст бидиҲад».
Дўстиро ба касе бояд кард, ки донишу хирад дошта бошад, вагарна мо пушаймон мешавем:
Чӣ нохуш бувад дўстӣ бо касе,
Ки моя надорад зи дониш басе.
Абулқосими Фирдавсӣ
Пайдо кардани дўст кори осон набувад: «Дўстро зуд душман тавон кард, аммо душманро дўст гардондан душвор бувад».
Унсурулмаолии Кайковус
Замоне мо пир мешавем. Ҳама мавҷудоти олам пириро мепазирад, вале дўстиву рафоқат аз он ориянд:
Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Магар дўстӣ, к-он бувад ҷовидон.
Абўшакури Балхӣ
Ба қадри дўсти содиқ расидан ва ўро эҲтиром намудан аз доираи одоб буда, хоси мардон аст. Дар дўстӣ набояд ғаразҲо роҲ ёбанд, ки оқибати он нобасомониро пеш меорад:
Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҲ зи якдигар намонем.
Каримон ҷон фидои дўст карданд,
Сагӣ бигзор, мо Ҳам мардумонем.
ҒаразҲо тира дорад дўстиро,
ҒаразҲоро чаро аз дил наронем?
Ҷалолиддини Балхӣ
Шинохти дўст кори осон набувад. Саъдии Шерозӣ дар ин маънӣ гуфтааст: «Дўсти Ҳақиқи он аст, ки айби туро ба рēйи ту бигўяд, то душворат ояду аз он бигардӣ ва аз қафои ту бипēшад, то бадном нашавӣ».
Бо дўстиву рафоқат кинаву адоват аз байн бурда мешавад. Дар оини дўстӣ гузашти холисона шарт ва зарур аст ва ин заминаи дўстиро мустаҲкам месозад:
Тоза созад гулбуни уммедро пайғоми дўст,
Бишкуфонад ғунчаи дилро насими номи дўст.
Гар uубори хотире аз дўстон бинӣ, маранҷ,
К-аз дуои душманон беҲтар бувад дашноми дўст.
Зебуннисо