Ватан

Алоқае дар дунё шадидтар аз меҲр ба Ватан нест.

     Афлотун

Ин гуфтаи олим ва файласуфи беҲамтои ҷаҲонӣ садои дили Ҳар яки мост. Ин маскани муқаддас қиблагоҲи суҷуд мебошад. Аз обаш менўшем, Ҳавои форамашро нафас мекашем, хоку донаш бароямон азиз аст. Ёди ватан моро Ҳеҷ гоҲ тарк намекунад. Номаш дили моро рўҲ мебахшаду ҷисмамон Ҳар лаҲза аз он илҲоми тоза мегирад. 

Ҷавонмардон Ҳамеша ба қадри ватани хеш мерасанд ва дар ободии он пайваста талош меварзанд. Дар ободӣ ва гулгуншукуфоии он мо бояд саҲми арзанда гузорем, ки иҷрои он моро фарз ва Ҳам қарз мебошад. Ватан моро ба оламиён муаррифӣ менамояд. Бе ватан мо чун мурғем бечаман. Дур аз ватан қалби мо ором намегирад. Вуҷуди моро сарди фаро мегирад. Албатта ин бесабаб нест. Камоли Хуҷандӣ ин мавзўъро хуб маънидод менамояд: 


Хоки поят дўст дорад чашми ман,

Нест айб, эй дўстон, Ҳуббулватан.

  

Ҳифзи ватан вазифаи муқаддаси Ҳар як шаҲрванд мебошад. Бо душманони худ бояд муборизаи беамон барем. Фирдавсии Тўсӣ дифои ватанро авалиндараҷа меҲисобад:       


Зи баҲри бару буму фарзанди хеш,

Зану кўдаки хурду пайванди хеш,

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҲем,

Аз он беҲ, ки кишвар ба душман диҲем.

                              Дар роҲи ватан мурдан зиндагист,

Мурдан зиндагонӣ дар бандагист.

Таърихи инсоният гувоҲӣ медиҲад, ки мардумон барои ватан ҷоннисориҲои зиёде кардаанд. Фарзанди диловари халқи тоҷик Шерак қаҲрамонона ҷон дод, аммо ватанро аз харобкории душманон эмин нигоҲ дошат, Темурмалики ҷасур то охирин лаҲза дар Ҳимояи ватан аз муғулони бераҲм муборизаи беамон бурд, ки чунин ҷавонмардон дар ёди халқу ватан абадан бо некӣ мемонанд. Пайғабари ислом дўст доштани ватанро аз имон Ҳисобидаанд. Хоини ватанфурўшро Ҳеҷ кас Ҳаққи бахшидан надорад.   

Бигзор ватани мо Ҳамеша ободу хуррам бошад ва мо дар он озоду хушбахт. Сафи ҷавонони ватандўст ва ободкор зиёда гардад. БаҲори умри ин диёри куҲантаърих бехазон бошад. 


Популярные сообщения из этого блога

Иншо ё эссе дар бораи муаллим – устод, омузгор

Забон дони - ҷаҳон дони

Меҳри модар