Забони мо- ҷаҳони мо


 Соли 2008-ро бо ибтикори сарвари давлат Соли забони тоҷикӣ эълон доштанд, ки ин боиси хушнудист.  Эътибори роҲбари кишвар ба забони давлатӣ хосса буда, гуфтаҲои эшон моро ба Ҳушёрӣ ва забондўстӣ Ҳидоят менамояд: «Забон калиди дониш ва маърифат аст. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Забон барҷастатарин ва гўётарин поя, шиноснома ва нишони бақои Ҳар як халқу миллат аст. Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҲифаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҲнамои худшиносию худафрўзиаш- забонро Ҳифз кунад ва онро Ҳамчун волотарин мерос ба наслҲои оянда расонад.Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҲои асосии давлатдории миллӣ мебошад. Таърих гувоҲ аст, ки агар забони миллат аз байн равад, миллат Ҳам дер ё зуд тафаккури миллӣ, ифтихори ватандўстӣ ва Ҳуввияти давлатдориашро аз даст дода, ба забону тамаддуни халқиятҲои бегона мегаравад ва оқибат завол меёбад. Забон дар паноҲи давлат ва давлат дар паноҲи забон аст. Ифтихори ватандўстӣ аз донистани таъриху забон ва фарҲанги ватан сарчашма мегирад. Лафзи модарӣ муқаддас аст, онро азизу гиромӣ бояд дошт».Суханро Худованди бузург барои пешрафти кори бандагонаш  офаридааст. Сухан марҲами дилҲост. Дили беқарорро сухани хуб таскин мебахшад. Баръакси он, як сухани беварид метавонад тамоми хубиҲоро аз байн бибарад. Абўшакури Балхӣ фармудааст:


Шунидам, ки бошад забони сухан,

Чун алмоси буррову теғи куҲан

Чу алмос, к-оҲан бибурад Ҳаме,

Сухан низ дилро бидаррад Ҳаме.

Сухан бифканад минбару дорро,

Зи сўрох берун кашад морро.

 Салими ТеҲронӣ аҲамияти забону суханвариро чунин маънидод менамояд:


БеҲтарин гавҲари ганҷинаи Ҳастӣ сухан аст,

Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомўш аст.


        Сухан дониста гуфтан кори оқилон мебошад. Саъдии бузург мегўяд:

  Нахуст андеша кун, он гоҲ гуфтор,

   Ки номуҲкам бувад беасл девор.


    Сухани  дурусту боандеша гуфташуда  одамиро дар зиндагӣ комёб  мегардонад. АбдураҲмони Ҷомӣ ба Ҳамин ҷиҲати забону нутқ ишора карда чунин фармудааст:


Ба сухан зинда шавад номи Ҳама,

Ба сухан пухта шавад хоми Ҳама.

  Сухани ноҲақ ва бад ба мо зиён меорад. Носири Хусрав ин маъниро басо хуб ба қалам додааст:

ХоҲӣ, ки наёрӣ ба суйи хеш зиёнро,

Аз гуфтаи нохуб нигаҲ дор забонро.

Асари сухан корӣ буда, тамоми умр дар дил мемонад. Сухан чун тир аст, ки бозгашт ба қафо надорад:

Нуктае, к-он ҷаст ногаҲ аз забон,

       Ҳамчу тире дон, ки ҷаст он аз камон.

Таъсири баланди суханро шоири адабиёти муосири тоҷик Мўмин Қаноат чунин ба забон медиҲад: 

Суханро вазну тамкини замин бояд,

Суханро қудрати ҷонофарин бояд…

Суханро сеҲри мурдан, зинда гардидан,

Хазон дидан, баҲорон боз сабзидан…

Хулоса, забон ва сухан арзишҲои нотакрор маънавӣ мебошанд, ки  пешрафтро ба амал меоранд. Донистани забон ва дурусту равон сухан рондан аз маърифати баланди одамон далолат медиҲад. Мо дар ин ҷода бояд аз гузаштагони худ ибрат омўзем ва баҲри пойдориву тозагии забони худ талош варзем.


Популярные сообщения из этого блога

Иншо ё эссе дар бораи муаллим – устод, омузгор

Забон дони - ҷаҳон дони

Меҳри модар