Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар аст

Устод ба мо илму адаб меомўзад. Моро ба хубӣ Ҳидоят мефармояд. Ҳамеша пешрафти моро хоҲон аст. Барои амалӣ гаштани ин мақсадҲо ў пайваста ранҷ мекашад. Муаллим дили бузург дорад. Ў Ҳамаи  шогирдонашро бо як чашм мебинад. Дар мавридаш меҲрубонӣ мекунад ва агар зарурат пеш ояд,  сахтгирӣ. Ин Ҳама ба манфиати кор аст. Мо аз ў дарси ибрат мегирем,  устод дари донишро ба рўямон боз мегардонад.   

Васфи ў дар адабиёти мо мавқеи муҲимро касб менамояд. Маликушшуаро Абўабдуллои Рўдакӣ тарбияи моро вобастаи устод медонад:

Ҳар киро роҲбар заған бошад, 

Гузари ў бар марғазан бошад.

Фирдавсии Тўсӣ ранҷи устодро сабаби осоиши тан меҲисобад ва онро ободии рўзгор мехонад:

Чу хоҲӣ,  ки ранҷи тан ояд ба сар, 

Аз омўзгорон мабар тоби сар!

Зиндагӣ моро ибратомўз мебошад. Дар зовияҲои зиндагӣ ранҷу азоб ва мушкилоти зиёде инсонро Ҳамеша пайгирӣ менамояд ва ўро дилшикаста низ мегардонад. Инсон бояд бо нури маърифат ин мушкилиҲоро паси сар намояд,  ки дар ин ҷода саҲми устоди илм- муаллим беандоза мебошад. Мо агар эҲтироми ўро ба ҷой орем ва ба гуфтаҲояш гўш андозем,  албатта дар зиндагӣ комёб мегардем ва оқибат худ дараҷаи устодиро дарёфт менамоем. Ин нуктаро шоир Носири Хисрав хуб ба қалам додааст:

Ба шогирдӣ Ҳар он кас шод гардад, 

Бувад рўзе,  ки худ устод гардад.

Моро Ҳидояти олимона ва оқилонаи устод аз ранҷу бало амон мебахшад. Чашми мо аз гуфтаҲои ў нур мегиранд,  адолатро аз разолат фарқ мекунанд. Бе устод мо роҲи дурусти зиндагиро интихоб намуда наметавонем ва Ҳар лаҲза дар ин пайраҲа дар мемонем. Шоири ширинсухан Ҷалолиддини Румӣ дар ин бора мефармояд:

Кори беустод хоҲи сохтан, 

ҶоҲилона ҷон бихоҲӣ бохтан.

Муаллим офтоби нури маърифат мебошад. Ҷисми шогирдон аз он нур нерўи тоза пайдо намуда медурахшад. Аз нигоҲи сухансаро АбдураҲмони Ҷомӣ муаллим Ҳамаи хубиҲоро дорост ва дар ҷодаи тарбияи маънавӣ беҲамтост:


Муаллим кист? Ишқу кунҷи хомўшӣ дабистонаш, 

Сабақ нодонию доно дилам тифли сабақхонаш.

Зи Ҳар кас н-ояд ин устоду шогирдӣ,  на Ҳар кўҲе

Бадахшон бошаду Ҳар сангпора лаъли рахшонаш.

Забон ҷуз безабонӣ нест ин нодир муаллимро, 

Дареғо дар Ҳама олам надонам кас забондонаш.


Пойдории ҷаҲон аз муаллим вобастагӣ дорад. Ҳамаи пешрафту тараққиёти ҷомеа маҲсули кори устодон мебошад. Рўдакӣ инро Ҳазор сол пештар дарк намуда буд:

Агар дар ҷаҲон набвад омўзгор, 

Шавад тира аз бехирад рўзгор.

Популярные сообщения из этого блога

Иншо ё эссе дар бораи муаллим – устод, омузгор

Забон дони - ҷаҳон дони

Меҳри модар