Душанбе- пойтахти Тоҷикистон


Маданият ва фарҲанг зодаи шаҲр мебошанд. Дар шаҲр илму фарҲанг ташаккул меёбад. Мардуми тоҷик куҲантаърих мебошанд. Дар гузаштаи дур мо дорои шаҲрҲои азими фарҲангӣ будем, ки Тахти Ҷамшед аз он далолат медиҲад. Дар тақсимоти даврони шўравӣ шаҲрҲои таърихии тоҷикон- Бухорову Самарқанд ба Ҳайати ҶумҲурии Ўзбекистон дохил гардиданд. Барои мо мавҷудияти шаҲре чун марказ шарт ва зарур буд. Ба ин хотир мо азм намудем, ки деҲаеро бо номи Душанбе обод ба дараҷаи пойтахт обод созем. Ин дар назари аввал ғайриимкон менамуд, вале иродаи мустаҲками мардуми мо ба Ҳама кор қодир будани ин мардумро бори дигар собит намуд. Инак, соли 1924 Душанбе пойтахти РСС Тоҷикистон эълон гардид ва соли 1925 дараҷаи (статус) шаҲриро касб намуд. Пойтахти тоҷикон чун шаҲри ҷавон зуд инкишоф меёфт.  Баъдан он номи Сталинободро гирифт. 

Ин шаҲри ҷавон пойгоҲи умеди тоҷикони ҷаҲон ба шумор меравад. Бо вуҷуди ҷавонӣ Душанбе дорои заводу фарика, корхонаҲои калони истеҲсолӣ ва  муассисаҲои таълимӣ  мебошад. Дар Душанбе сафоратхонаи давлатҲои гуногун, ташкилотҲои гуногуни байналмилалӣ, муассисаҲои фароғатию  фарҲангӣ ва тиббӣ ҷой гирифтаанд.

Душанберо хиёбон, кўчабоғ, гулгашт ва боғҲои зебо дорад. Маҷмаае, ки соли 1999 бахшида ба 1100- солагии Давлати Сомониён дар Майдони Дўстӣ эҷод карда шуд, яке аз комёбиҲои беҲтарин дар шаҲрсозии ҷаҲон ба  шумор меравад.

Бигзор умеди тоҷикони ҷаҲон- шаҲри Душанбе Ҳамеша пояндаву зебо бошад ва мо- истиқоматкунандагон  доимо дар ободии он камари Ҳимат бубандем. Вазифаи муқаддаси мо саҲм гузоштан дар гулгуншукуфоии пойтахти азизамон ба шумор меравад. Ободии пойтахти кишварамон ин ободии хонадони Ҳар яки мову шумост.

Ин гуфтаҲо исботи фикрҲои болоанд:

Аҷаб шаҲри дилороӣ Душанбе,

 Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе