Табрикот барои 8 март (Иди Модарон, занон)
Рӯзи байналхалқии бонувон, ки ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ба андешаи бархе аз коршиносон Иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мебошад. Зеро, агар Иди Ғалаба муқаддас ва муҳим эътироф шуда бошад ва дар ин замина Иди якдилии байналхалқии меҳнаткашон низ ҷашн гирифта шаванд, бояд Иди бонувон низ дар ҳамин радиф қарор бигирад. Новобаста аз иди баҳору зебоӣ, иди байналхалқии занон ҷашни таърихӣ ва сиёсист. З-ин рӯ, 8-уми март ин эътироф аз гулу тӯҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи зан ҳамчун инсон, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯст…
Табрикот барои 8-уми март – Иди Модар
Модарҷони азизам! Шуморо ба муносибати фарорасии идатон, яъне рӯзи 8-уми март, табрик намуда, бароятон аввало тани сиҳат, хонаи обод, зиндагии бардавом, рӯзгори пур аз шоду нишот, ҳавои беғубори дилкушо ва умри бобаракати Хизрриёнаро тамоно дарам. Модарҷонам, аз Худованди Муттаъол дуогӯи онам, ки сояи шуморо аз сари мо фарзандон ҳеҷ гоҳ дур накунад ва доимо соябону дуогӯи мо, фарзандон бимонед.
Модарам, эй модари бахтоварам,
Модари ҷонпарвару хушбоварам.
Бо ҳама ин бахту иқболи баланд,
Пеши поят сар фуруд меоварам.
Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Бахт мехоҳӣ барои хоҳарам,
Шодмонӣ аз ҳаёти додарам.
Ту дуогӯ ҳастӣ доим дар барам,
Модарам, эй модарам, эй модарам.
Асадуллоҳ Исмоилзода
Ҷашни бонувонро бар ҳама модарону хоҳарон ва дӯстони арҷмандам самимона шодбошу хуҷастабод мегӯям ва барояшон аз Худованд тандурустиву хубиву хушиву хонаободониро орзумандам.
Умедворам, ки ҳамеша дӯстдошта бошанду дӯст доранд ва бахташон ҳамвора сабзу шукуфон бошад!
Идат муборак!
Эй модари ман, Эй меҳрубонам,
Номи хуши ту – Вирди забонам.
Меҳри ту доим Дар ҷисму ҷонам.
Идат муборак! Идат муборак!
Ман дар бари ту Озода растам.
Меҳри дили худ Бар ту бибастам.
Фарзанди дилбанд Баҳри ту ҳастам.
Идат муборак! Идат муборак! >>Бештар
Модар! Имрӯз рӯзи ту аст. Фардо ҳам! Фардои дигар ҳам! Ҳар рӯз рӯзи ту аст! Ва ҳар рӯзе, ки ту ҳастӣ ва суйи ман табассум мекунӣ, он рӯз рӯзи ман аст! Ид муборак, модари хушруйи ман!!!
Фариштаҳои осмонӣ дар муқобили хубиҳои ту сар хам хоҳанд кард, зеро ту яке аз онҳоӣ. Модаре, ки ҳамеша фикри бачаҳояшро дошта ва ман ба худ меболам, ки модари ман ҳастӣ. Ин рӯзи зебо, яъне Рӯзи Модарро бароят аз самими ҷон табрик мегӯям.
Дар баҳорон иди модар мешавад,
Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор,
Бо нигоҳи зан баробар мешавад.
Аз фурӯғи чашми модарҳои мо,
Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад.
Аз ҳамин модар ба дунё раҳнамо,
Бас бузургони диловар мешавад.
Баҳри фарзанд олами бахти баланд,
Бо дуои дасти модар мешавад.
Дар раҳи тасвири ҳусни модарон,
Ҷумла фарзандаш суханвар мешавад.
Аз ту меҳрубонам бобати тамоми азиятҳои бачагӣ маъзарат мехоҳам. Умедворам қалбат ҳеҷ гоҳ аз ман гилламанд набошад.То ман ҳамеша хушбахт бошам. Зеботарин ва поктарин қалбро дориву ман ҳанӯз натавонистаам заррае аз ранҷҳое, ки аз барои ман кашидаӣ ҷуброн кунам.
Дустдорат ҳастам то абад!
Идат Муборак Модар.
Табрикот барои 8-уми март – Иди Занон
Бо ин рӯзи баҳори ҳамаи модарону хоҳаронро ва умуман бонувони азизи тоҷикро бо фарорасии фасли баҳор ва Иди Занон табрику муборак бод намуда, барои ҳамаи Шумо азизон беҳтарин рӯзҳои зиндагиро аз самими қалб таманно дорам. Бигузор шодиву хушбахтӣ дар хар як хонадони зану модари тоҷик ҳамеша шукуфон бошад!
Модарон, хоҳарон ва бонувони азиз! 8-уми март, иди Бонувонро ба Шумо табрику таҳният гуфта, ба шумо умри пурбаракат, саломатии бардавом, хушбахтии аҳли оиларо орзумандем. Дар ин рӯз бештар табассум намоед ва ба атрофиён кайфияти аъло бубахшед. Бигузор ҳар як рӯз ба шумо таассуроти нави рангоранг тӯҳфа намояд.
Шуморо бо фарорасии 8 март – Рӯзи Модарон, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, табрик ва таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама сихатмандии комил, иқболи нек, умри дароз в ҳама хушиҳои зиндагиро таманно дорад.
Бигзор дили шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони диёрамон, поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад!
Хушбахту хонаобод бошед!