Мазмун ва мундариҷаи рубоиёти Умари Хайём

Нақша: 

Муқаддима

1. Ҳаёти мухтасари шоир 

1. Мундариҷаи ғоявии рубоиёти Умари Хайём 

Хулоса

Умари Хайём яке аз шоирони бузурги адабиёти классикӣ ба шумор меравад. Шоири тавоно ва ҳакими донишманд ҳамчун устоди рубоӣ маҳсуб  мешавад. Хайёми Нишопурӣ, ки мутахаллис ба Хайём будааст, соли 1048 дар шаҳри Нишопури Эрон ба дунё омадааст. Шоир умри дарози пурбаракат дидааст. Ў соли 1131 дар зодгоҳи худ шаҳри Нишопур аз олам даргузаштааст. Мадфани ўро мардуми Нишопур бо ҳурмату эҳтиром нигоҳубин мекардаанд. Вале хешовандони худи шоир дар Шодях барои Умар оромгоҳе сохтанд, ки ҷоми сарнагунро мемонад. Оромгоҳ бо рубоиҳои дилангези худи шоир ороиш дода шудааст. 

Тавре маълум аст, аз шоир ба мо асарҳои зиёде боқӣ, мондааст: «Наврўзнома», «Мушкилотулҳисоб» «Зичи маликшоҳӣ» ва ғайра. Ба ғайр аз осор шоир рубоиҳои зиёде низ дорад, ки албатта, на ҳамаи онҳо то ба рўзгори мо омада расидаанд. Мавзўи рубоиёти шоир мухталиф мебошад. Масъалаҳои фалсафаи зиндагӣ, рози ҳастӣ, одобу ахлоқ, танқиди кирдорҳои ношоиста, танқиди зулму золимӣ мавзўъҳои асосии рубоиёти шоир мебошанд. Умари Хайём ҳамчун шоири инсондўст масъалаҳои ахлоқи ҳамидаи инсонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, некиву накўкорӣ, дўстиву рафоқат ва садоқату вафодориро тарғибу ташвиқ менамояд. Шоир талқин менамояд, ки инсони комил бояд аз ҳар гуна зиштиҳо, бедодгариҳо, ҳирсу тамаъ ва тамаъкориҳо парҳезгор бошад. Қаноатпешагиро яке аз хусусиятҳои неки инсонӣ донистааст:

Қонеъ ба як устухон чу каргас будан, 

Беҳ з-он ки туфайли хони ҳар кас будан. 

Бо нони ҷавини хеш, ҳаққо, ки беҳ аст, 

К-олуда ба  полудаи ҳар кас будан. 

Умари Хайём ба амалдорону ҳокимони замони худ нафрат дошта, дар рубоиҳои худ аз рўйи эҳсоси инсондўстӣ онҳоро мавриди сарзаниш қарор медиҳад:

Дар даҳр ҳар он ки ним ноне дорад, 

Ё дархўри хеш ошёне дорад. 

Не ходими касе бувад, на махдуми касе, 

Гў, шод бизӣ, ки хуш ҷаҳоне дорад. 

Ғурури хештанпарастӣ, такаббуру ҳавобаландии ашхоси бехирадро мазаммат намуда, кўтоҳназарии онҳоро дар ин ҷаҳони бекарон таъкид менамояд:

Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд, 

Дар кашфи улум шамъи асҳоб шуданд. 

Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун, 

Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд. 

Шоир ба масъалаҳои ҳастии олам ва ҳаракати ҳамешагии ў дахл намуда, таъкид менамояд, ки ҳамон гили кўзагарон низ замоне монанди мо будаанд. Ба кўза ишора карда мегўяд:

Ин кўза чу ман ошиқи зоре будааст, 

Дар банди сари зулфи нигоре будааст. 

Ин даста, ки дар гардани ў мебинӣ, 

Дастест, ки бар гардани ёре будааст. 

Рубоиёти шоир дар ҳақиқат дилангез аст ва яке аз сабабҳои ба дилҳо роҳ ёфтани онҳо ин аст, ки ҳамаи онҳо мазмуни ниҳоят баланд доранд, бисёр содаву равон ва аз ҷиҳати забонӣ суфтаву сайқал дода шудаанд. Масалан, рубоии зерин, ки бо забони оддӣ суруда шудааст:

Вақти саҳар аст, хез, эй мояи ноз!

Нармак, нармак бода хўру чанг навоз, 

К-онҳо, ки ба ҷоянд, напоянд дароз, 

В-онҳо, ки шуданд пас, намеоянд боз. 

Умари Хайём ҳамчун шоири хақҷўву адолатпеша аз номи аҳли илму адаб ва аз номи мардуми оддӣ арзу шикоят намуда, онҳоро чунин ҳушдор медиҳад:

Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям, 

Озод кунам, ки лоиқи банд наям. 

Гар майли ту бо бехираду ноаҳл аст, 

Ман низ чунон аҳлу хирадманд наям. 

Умари Хайём таъкид бар он дорад, ки ҳар як инсон барои ҳаллу фасли кореву боре офарида шудааст. Аз ин оламе, ки барои мову шумо насиб гардидааст, бояд оқилонаву олимона истифода намуд. Зеро ин лаҳзаҳо барои инсон муқаддасанд:

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад, 

Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад. 

Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон, 

Умр аст, бад-он сон гузаронӣ, гузарад. 

Дар ҳақиқат мавзўъҳои рубоиёти Умари Хайём ба тасвири шарту шароити таърихӣ, ҳаёти мардум, ноумедӣ аз замона бахшида шудаанд. 

Хусусияти дигари рубоиёти шоир он аст, ки дар онҳо пурсишу посух, шўхиву мазоҳ, фарёду фиғон ва ҳамчунин истифодаи санъатҳои бадеӣ ба таври васеъ дида мешаванд. Рубоиёти Умари Хайём дар воқеъ шўҳрати ҷаҳониро касб намуда, дар байни тамоми халқияту миллатҳои гуногуни олам мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар шўҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани Умари Хайём хизмати мутарҷимони осори ў низ хеле бузург аст. 


Популярные сообщения из этого блога

Иншо ё эссе дар бораи муаллим – устод, омузгор

Забон дони - ҷаҳон дони

Меҳри модар