Ҳаёт ва фаъолияти Умари Хайём

 Нақша: 

Муқаддима

1. Маълумоти мухтасар дар бораи шоир 

2. Мероси адабии шоир 

Хулоса 


Умари Хайём ҳамчун устоди рубоӣ дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ маълуму машҳур шудааст. Ў дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ба сифати бузургтарин шоир, файласуф, риёзидон, ҳайатшинос шинохтаву эътироф шудааст. Умари Хайём соли 1048 дар шаҳри Нишопур ба дунё омадааст. Азбаски падари ў хаймадўз будааст, тахаллуси адабию шоирии Хайём низ аз касбу ҳунари падарии худ гирифта шудааст. Хайём то сини 17-солагӣ тамоми илмҳои замонаашро аз бар намуда, дар ҳамин синну сол ҳамчун донишманди нуқтасанҷ ва олими маъруфи замон эътироф мешавад. Замони таҳсили худро дар назди устодон ба хотир оварда, қайд менамояд, ки худаш низ замоневу лаҳзае ба устодӣ расида будааст:

Якчанд ба кўдакӣ ба устод шудем, 

Якчанд ба устодии худ шод шудем. 

Поёни сухан шунав, ки моро чӣ расид:

Чун абр дар омадему чун бод шудем. 

Умари Хайём баъди вафоти падараш ба саёҳати шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Самарқанд меравад. Умар дар шаҳри Самарқанд ба корҳои илмӣ машғул шуда, асарҳои бузурги риёзии худро эчод намуд. Ў дар Самарқанд барои сохтани расадхона саҳм гузошта, ҳамчун роҳбари сохтмон хизмат намудааст. Яке аз дастовардҳое, ки Умари Хайём ба ин ноил шудааст, ин аст, ки ў тақвимеро бо номи «Тақвими ҷалолӣ» тартиб додааст. 

Мероси адабии шоир бою рангин буда, масъалаҳои гуногунро дар бар мегирад. Ў доир ба соҳаи риёзӣ, ҳандаса, доир ба масъалаҳои ҷабру муқобала, фалсафа, нуҷум, заминшиносӣ асарҳои зиёди илмӣ эҷод намудааст. Яке аз асарҳои бузурги ў «Наврўзнома» мебошад. Ин асари илмии таърихӣ буда, дар байни солҳои 1095-1098 навишта шудааст. Дар асари мазкур доир ба масъалаҳои бузургдошти ҷашни Наврўз ва сарчашмаҳои пайдоиши он сухан меравад. Ҳамчунин масъалаҳои урфу одат, расму оин, гардиши офтоб, масъалаи адлу дод, саховату бахшиш дар «Наврўзнома» васеъ муҳокима шуда, таҳлилу баррасӣ шудаанд. «Наврўзнома» бо забони равону сода таълиф шудааст. Ба ғайр аз асарҳои илмӣ Умари Хайём боз аз худ ба мо асарҳое бо номи «Зичи маликшоҳӣ», «Мушкилотулҳисоб» боқӣ гузоштааст. 

Умари Хайём устоди рубоӣ низ мебошад. Ба қалами ў зиёда аз 1200 рубоиро нисбат медиҳанд. Худи Умари Хайём онҳоро ҷамъоварӣ накардааст. Шоир тарзи навиштани рубоинависони пешин ва ҳамзамонони худро дақиқ омўхта, рубоиёти хешро бо мавзўъҳои муҳими фалсафиву ҳикматшиносӣ, панду ахлоқи ҳамида, тарғибу ташвиқи дўстиву рафоқат пурраву комил гардонидааст. 

Умари Хайём дар рубоиҳои худ ба сарнавишти инсон ва моҳияти зиндагӣ аҳамияти бузург дода мехоҳад, ки дарду ғаму кулфати башариатро дарк намояд. Шоир аз бехабариву нодонии инсонҳо хеле малоли хотир шуда, ба хулосае меояд, ки дар ҳақиқат дарки вокеии ҳақиқати ҳаёти инсон хеле мураккабу душвор аст:

Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будааст, 

Гарданда фалак низ ба коре будааст. 

Зинҳор қадам ба хок оҳиста ниҳӣ, 

К-он мардумаки чашми нигоре будааст. 

Гуфтан лозим аст, ки Умари Хайём ҳамчун инсони хирадманд инсонҳоро дўст медошт ва ба ҳамин андоза онҳоро ҳурмату эҳтиром мекард. Чунин меҳру муҳаббат ва вафодории хешро нисбат ба атрофиён дар ҳар як рубоии худ, тасвир менамояд, ки боиси ифтихормандии мо-тоҷикон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин аз гузаштани шоир чандин солҳо гузашта бошад ҳам, рубоиёти ў то ҳол аҳамияти таълимиву тарбиявии хешро гум накардааст.


Популярные сообщения из этого блога

Иншо ё эссе дар бораи муаллим – устод, омузгор

Забон дони - ҷаҳон дони

Меҳри модар