Модари меҳрубони ман

Шабҳо бари гаҳвораи ман,

Бедор нишасту хуфтан омӯхт.

Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам

Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.

Эраҷ Мирзо

Дар дунё ширинтар аз калимаи модар ва гуворотар аз суханони пурмуҳаббати ӯ каломе нест. Модар сарчашмаи тамоми некиҳо ва оғози ҳамаи хубиҳост. Чеҳраи гарму дили бузургаш сафобахши зиндагии фарзанд аст. Модар офтоби дурахшонест, ки бо нуру зиёи хеш рӯзгори фарзандро рӯшану мунаввар месозад, бо анвори пурҷилояш гармиву саодат ато мекунад. Ин аст, ки тамоми суханварони олам дар васфи бузургиву қудрати модар беҳтарин суханонро ба кор бурдаанд ва муҳаббату самимияти ӯро ситоиш намудаанд. Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар «Модарнома» - и хеш, ки саросар ашъори бенамуна ва нотакрореро дар васфи модар фаро мегирад, чунин мегӯяд:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занам сар

Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар.

Воқеан модар азизтарин ва меҳрубонтарин шахс барои ҳар яки мост. Дасти дуои модар ва суханони самимонааш роҳи зиндагии фарзандро рӯшан мекунад. Орзуву таманниёташ ибтидои хубиву оғози муваффақиятҳост. Модар чун дарахти пурсамарест, ки фарзандони парвардааш чун меваҳои ширин ба камол мерасанд. Хуршедест дар осмони дили фарзанд, ки бо партави ҷонбахшу нурофаринаш зиндагиро гармиву саодат ато мекунад ва нерӯи зистан мебахшад.

Ёдам мерасад айёми тифливу давраи кӯдакӣ, хандаи маъсуму ширини зиндагӣ, ки дар оғӯши гарми модар, дар домани пурмеҳраш сипарӣ мегашт. Ҳар субҳ бо табассуми ширину каломи пурмеҳр аз хоб бедор намуда, бо дуову орзуҳои нек ба мактаб гусел мекард. Нисфирӯзӣ чун ба хона мерасидам, бӯйи нони гарми танӯрӣ диламро ба ҷӯш меовард. Модарам бо чашмони пазмон маро пешвоз мегирифт ва рӯзгор аз гармии ҳузураш таровати тоза меёфт.

Имрӯз ман дигар он тифли хурдсол нестам, ки дар оғӯши гарми модар беғамона болу пар мезадам. Акнун айёми тифлӣ гузаштаву давраи кӯдакӣ доманкашон рафта. Ҳоло ман ҷавоне ҳастам, ки қадам ба ҷодаи маърифат мегузорам ва тамоми кӯшишу заҳматҳоямро барои таҳсили илм равона месозам. Албатта, орзуи модарам аст, ки ман дар оянда соҳиби касбу ҳунар гардам ва фарзанди некному сарбаланд бошам. Барои ободии халқу ватан ва пешрафту тараққиёти кишвар саҳми худро гузорам.

Ман бовар дорам, ки орзуи модарамро амалӣ месозам ва чун фарзанди хушиқбол ҳамеша хизмати ватан ва волидайнро ба ҷо меорам.

Популярные сообщения из этого блога

Иншо ё эссе дар бораи муаллим – устод, омузгор

Забон дони - ҷаҳон дони

Меҳри модар