Достони «Ғалабаи Таня»-и Абулқосим Лоҳутӣ
Нақша:
Муқаддима
1. Мазмун ва мундариҷаи достон
2. Симои Таня дар достон
Хулоса
Лоҳутӣ шоири инқилобии адабиёти муосири тоҷик мебошад. Абулқосим ба ҳаракати озодии миллии машрутахоҳӣ шомил мешавад. Маҳз ба воситаи ҳамин ташкилот Абулқосим Лоҳутӣ барои таҳсили илм ба Теҳрон фиристода мешавад. Ў дар ин муддат бо ғояҳои озодии миллии одамони пешқадами замонаш аз наздик ошно мегардад. Абулқосим ба шеъру шоирӣ шавқу завқи баланд дошт, табъи шоирии ў аз овонии кўдакияш маълум гардида буд. Аз ин рў, дар зери таъсири ашъори эҷодкардаи падари бузургвораш шеърҳои аввалини худро месароид.
Абулқосим Лоҳутӣ дар солҳои ҷанг танҳо бо шеъру таронаҳо маҳдуд нашуда, асарҳо ва ҷангномаҳои зиёде таълиф менамояд. Дар ин ҷангномаҳо шоир меҳнати фидокоронаи ақибгоҳ ва қаҳрамонии сарбозонро инъикос кардааст.
Достони «Ғалабаи Таня» низ аз қабили асарҳое мебошанд, ки барои ҳифзи обу хоки Ватан мубориза бурдани тамоми халқияту миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравиро ифода кардаанд. Шоир тавонистааст, ватандўстиву ватанпарастии насли навраси собиқ шўравиро дар рўҳи қавии ҷавонон, бахусус дар симои комсомолдухтар Зоя Космодемянская инъикос намояд. Шоир достони худро чунин оғоз мекунад:
Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд,
Ҷанги хунину бераҳмона буд.
Фармондеҳ, фашист озод нишаста,
Ҳарифонаш бар по бо дасти баста.
Халқи Шўравӣ дар муқобили душмани ашаддии худ якдилона мубориза мебурд. Лоҳутӣ корномаи чунин муборизони роҳи озодиро дар тимсоли партизанкаи ҷасур Зоя ифода кардааст. Шоир образи Зояро дар муқобили душманони ғаддор, ғоратгар, вахшӣ хеле моҳирона тасвир намуда, далерию ғайюрӣ ва қавииродагии як тан аз духтарони шўравиро ба ҳамсолони ў тарғибу ташвиқ менамояд. Зоя ҳамчун қаҳрамони асосии достон мувофиқи усули ҷавонмардии сар додану сир надодан амал менамояд. Шоир манзараи ба дор кашидани ўро чунин тасвир кардааст:
Аскари фашист аз дусад бештар,
Қаровул дар атрофи як духтар.
Як духтар, лекин, бо рўҳи кабир,
Намояндаи халқи беназир.
Ба он ҷаллодон духтари Ватан,
Дод зад:-Ман наметарсам аз мурдан.
Ў фашистони разилро ба саг ва бод, халқи меҳнаткаши шўравиро бошад, ба кўҳ ташбеҳ кардааст:
Рафиқон, аз ин сагҳо натарсед,
Шумо кўҳед, аз ин бодҳо наларзед!
Зоя бо иродаи матини худ ба душманони малъун чизеро фош намекунад ва ўро ба дор мекашанд. Ин ҳолатро шоир як мағлубияти навбатии фашистон ва пирўзии халқи шўравӣ маънидод намудааст:
Охир ҳар чӣ кард, Таня ҳеҷ нагуфт,
Мурд, аммо сирро аз душман нуҳуфт.
Ин аст, ки дар он ҷанги аҷиб,
Фашист шуд мағлуб, болшевик ғолиб.
Хулоса, симои Таня- Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ, комсомолдухтари содиқу вафодор нисбат ба хоку оби сарзамини худ, ки то охири умр сирри ҳарбиро пинҳон доштааст, ба қалам дода шудааст. Дар ҳақиқат Зоя дар симои худ тамоми хусусиятҳои некӣ инсонӣ, поквиҷдонӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, қавииродагиро хеле хуб таҷассум кардааст. Ў бо поквиҷдонӣ ва нигоҳи ғазаболуди худ фашистонро маънан мағлуб намудааст. дар солҳои ҷанг ҷавонони шўравӣ рафтори ватандўстонаи Таняро сармашқи кори худ намуда, ҳазорҳо маротиба чунин қаҳрамониҳо нишон додаанд. Ва ин албатта барои насли имрўза низ аз аҳамият холӣ нест.