Достони «Рустам ва Сӯҳроб»
Нақша:
Муқаддима
1. Шарҳи ҳоли мухтасари шоир
2. Мазмуни асосии достон
Хулоса
Фирдавсӣ аз зумраи он сухансароёнест, ки назми офаридаи ў солҳову асрҳост, ки шўҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Фирдавсӣ соли 934 дар шимоли шарқии Эрон, яъне дар деҳаи Божи вилояти Тўси Хуросон ба дунё омадааст. Шоир ҳангоми таҳсил дар мадраса ба шеъру шоирӣ, адабиёт ва бахусус ба таърихи қиссаву ривоятҳои қаҳрамонӣ шавқу ҳаваси беандоза доштааст. Давраи кўдакӣ ва овони ҷавонии Фирдавсӣ ба замони ҳукмронии Сомониён рост меояд.
«Шоҳнома» асари безаволест, ки хизмати 30-35-солаи шоирро дар худ таҷассум менамояд. Фирдавсӣ дар синни 37-солагӣ ба навиштани достонҳои «Шоҳнома» оғоз намудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар асоси маъхазҳо ва қиссаву ривоятҳои қадима суруда шудааст. «Шоҳнома» достонҳои зиёдеро дар бар мегирад. Яке аз достонҳои машҳури он «Рустам ва Сўҳроб» буда, аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа хеле баланду таъсирбахш мебошад:
Кунун разми Сўҳробу Рустам шунав,
Дигарҳо шунидастӣ, ин ҳам шунав.
Яке достон аст пуроби чашм,
Дили нозук аз Рустам ояд ба хашм.
Достон чунин оғоз мешавад: Рустам ба шикор мебарояд. Дар аснои шикор хаста шуда, мехоҳад каме истироҳат кунад. Ўро хоб мебарад. Рустам аз хоб бедор шуда, Рахши худро намеёбад. Бо хотири парешону табъи хира дар ҷустуҷўи асп то ба шаҳри Самангон меравад. Шоҳи Самангон ўро зиёфат медиҳад. Духтари шоҳи Самангон ғоибона ба Рустам ошиқ мешавад. Хулоса, онҳо бо ҳам хонадор мешаванд ва танҳо як шаб бо ҳам буданд.
Аз онҳо кўдаке ба дунё меояд. Сўҳроб ҳамчун ҷавони тануманд ба воя мерасад. Дар ин миён ҳодисаву воқеаҳои зиёде рух медиҳанд. Сўҳроб падари худро хеле ҷустуҷў мекунад. Бо макру фиреб ва ҳиллаву найранги душманон падару писари ноогоҳ аз ҳамдигар бо якдигар разм менамоянд. Разми онҳо дурудароз давом мекунад. Сипас, Сўҳроб аз дасти падараш кушта мешавад. Рустами ҷаҳонпаҳлавон нишони худро дар банди дасти ў дида, доду фиғон мекунад. Сўҳроб аз ҷаҳон гузашт. Аз марги Сўҳроб модараш Таҳмина огоҳӣ ёфта, пас аз як сол дар ғами фарзандаш аз дунё гузашт.
Рустам яке аз симоҳои марказии достони «Шоҳнома» ба ҳисоб меравад. Рустам ҳамчун ҷаҳонпаҳлавон ҳамеша хоку ватани худро аз душманони аҷнабӣ муҳофизат мекард. Рустам қаҳрамони бемонанд будааст. Рустам ҳамчун одами ҳақиқӣ халқу миллати худро дўст медошт. Рустам марди бебок, инсони хирадманд ва ҷавони тануманду бемонанд тасвир ёфтааст. Ў барои ваҳдати миллӣ ва нигаҳдории обу хоки ватанаш доимо омода аст. Рустам дорои ҳамагуна хислатҳои неки инсонӣ буда, бахшандаву некхоҳ аст. Шоир ба воситаи симои Рустами паҳлавон фикру андешаҳои ватандўстонаи худ, дўст доштани ватан, нигоҳ доштани ягонагии обу замини кишварашро ифода кардааст.
Шоир Сўҳробро низ монанди падараш қаҳрамони бемисл ба қалам додааст. Сўҳроб паҳлавони тануманд башад ҳам, вале дар зиндагӣ камтаҷриба буда, ҳанўз аз ҳиллаву найрангҳои душманон хабар надорад. Аз як тараф Сўҳроб ҷавони нотарсу далер, хайрҳову покният аст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ў ҷавони сода будааст. Ҳамаи инро хулоса карда, гуфтан лозим аст, ки шоир масъалаи ҷанг, ҷангҷўён, кинаву адоват, ҳиллаву найрангҳои замонаро маҳкум намудааст. Шоир ба тарафдорони ҷанг ва ҷангҷўён лаънат мехонад.
Масъалаи дигаре, ки шоир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаст, ин риёкориву фитнаангезист.
Фирдавсӣ тарғибу ташвиқ мекунад, ки мо имрўзиён бояд аз хатои пешиниён сабақ бигирем ва барои якпорчагии ватани худ ҳамеша саъю кўшиш намоем.