Ҳаёт ва фаъолияти Дақиқӣ
Ҳаёт ва фаъолияти Дақиқӣ
Нақша:
Муқаддима
1. Ҳаёти мухтасари Дақиқӣ
2. Фаъолияти адабии ў
Хулоса
Дақиқӣ яке аз намояндагони бузурги адабиёти асри Х ба ҳисоб меравад. Аз рўйи маълумоти сарчашмаҳо маълум мешавад, ки Абўмансур Муҳаммад бинни Аҳмад Дақиқӣ аз суханварони боистеъдоди замони худ будааст. Соли таваллуди Дақиқӣ маълум нест. Дақиқӣ соли 978 вафот кардааст. Аз сабаби он ки дар вақти маргаш 47-сола будааст, бино бар ривояти тазкиранависон соли таваллуди ўро 931 донистаанд. Мувофиқи гуфтаи тазкиранависон гузаштагони Дақиқӣ аз Самарқанду Марв будаанд. Яке аз ҳамасронаш – шоир, олими бузург Абўрайҳони Берунӣ шаҳри Балхро чун зодгоҳи Дақиқӣ ёд мекунад. Тибқи қарори Муассисаи илмии байналмилалии назди Созмони Милали Муттаҳид 1000 солагии шоир соли 1978 қайд карда шуд, эътироф карда шуд, ки зодгоҳи шоир шаҳри Балх аст. Бо сабаби он ки шоир нисфи ҳаёти худро дар шаҳрҳои Самарқанд, Марв ва Тўс гузаронидааст, ў бо номи самарқандӣ, марвазӣ ва ё тўсӣ низ ёд карда мешавад.
Дақиқӣ аз илмҳои замони худ хуб огоҳ буда, овози хушу фораме низ доштааст. Ба қавле сарояндаи хубе ҳам будааст. Ба забономўзӣ шавқу ҳаваси зиёде доштааст. Ў забонҳои арабӣ, паҳлавӣ ва суғдиро хеле нағз медонист. Дақиқӣ дар пайравии оини бобоёнаш мазҳаби зардуштиро парастиш мекардааст. Дақиқӣ дар масъалаи аз нав зинда кардану ба назм даровардани достонҳои қаҳрамонӣ ва таърихи халқҳои эронинажод, ки мо тоҷикон низ аз он қабилем, хизмати арзандае кардааст. Тавре медонем, шоҳноманависӣ аз замонҳои пеш анъанаи хубе дошт. Дақиқӣ низ пеш аз Фирдавсӣ бо супориши амири Сомонӣ Абулқосим Нўҳ бинни Мансур, ки солҳои 975- 997 ҳукумронӣ кардааст, ба сурудани «Шоҳнома» оғоз намуда буд. Дақиқӣ ҳанўз дар ҷавонӣ ҳамчун шоири бузургу тавоно дўстдори халқу ватан ва сарсупурдаи фидоии обу хоки сарзамини диёри худ шинохта шуда буд. Аз ин рў, назми «Шоҳнома» ба ихтиёри ў супорида шуд. Дақиқӣ қисмати достони Гуштоспро ба назм медарорад, ки он дорои ҳазор байт буд. Мазмун ва мундариҷаи достонро шарҳу эзоҳи подшоҳии Гуштосп, пайдоиши Зардушт, ҷангҳои мазҳабии Гуштосп ва Арҷосп, ки шоҳи Тўрон будааст, ташкил медиҳад. Ба хотири он ки шоир саргузашти Гуштоспро ривоят мекунад, «Шоҳнома»-и ўро «Гуштоспнома» низ мегўянд. Забони «Гуштоспнома» хеле содаву равон буда, мавзўи Ватан, истиқлолият, муҳофизати Ватан, шаъну шараф ва номуси халқ ба миён гузошта шудааст. Баъд аз марги Дақиқӣ ҳам навиштани назми «Шоҳнома» қатъ нашуд. Ба ин амр Фирдавсии бузург камар баста, кори оғознамудаи Дақиқиро давом дод. Фирдавсӣ қисмати назмкардаи Дақиқиро аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа писандида, онро айнан ба «Шоҳнома»-и худ ҳамроҳ кард.
Дақиқӣ дар намудҳои дигари шеър: қасида, ғазал, рубоӣ низ асарҳои барҷаста офарида, соҳиби девони азиме будааст. Қасидаю ғазалҳои Дақиқӣ аз намунаҳои беҳтарини назми асри Х-и тоҷикро ташкил медиҳанд. Дар ин ду навъи шеър машҳур будани худро чунин ифода менамояд:
Моро ҷўяд зи чандин шеъри шоҳон,
Зи чандин ошиқона шеъри дилбар.
Дақиқӣ дар ашъори худ аз санъатҳои бадеӣ ба таври фаровон истифода намудааст, ки хеле ҷолиб аст. Ҳамаи воситаҳои эҷоди бадеии шоир содаву заминӣ, фаҳмо ва даркшаванда мебошанд:
Шабе сиёҳ бад-он зулфакони ту монад,
Сапедрўз ба покии рухсори ту монад.
Хулоса, ашъори ў имрўз ҳам ҷовидонӣ аст. Асари ҷовидонии ў бо номи «Гуштоспнома», ки як қисми «Шоҳнома»-и Фирдавсиро ташкил медиҳад, сармашқи кори дигар шоирон гардидааст.