Вазъияти илмӣ, маданӣ дар асрҳои xi-xii
Нақша:
1. Вазъияти илмӣ ва маданӣ
2. Доираҳои адабии асрҳои XI- XII
3. Наср дар асрҳои XII-XII
Қайд кардан лозим аст, ки ҳанўз дар оҳири асри X Мовароуннаҳр ва Хуросон ба майдони ҷанг ва қатлу ғорат табдил ёфта буданд. Дар натиҷаи авҷ гирифтани муборизаҳои дохилӣ ва пуриқтидор гардидани қабилаҳои кўчманчии турк давлати Сомониён аз байн рафт.
Баъдан як марказе ба миён омад, ки касони бесавод, бемаърифат худро олим тарошида, бо ришваю пора ба мансабҳои бузурги динӣ мерасиданд.
Дар мадрасаҳо танҳо улуми динӣ таълим дода мешуд. Омўхтани илмҳои фалсафа, ҳандаса ва ситорашиносӣ манъ карда шуд. Илмҳои дақиқ ва солим ба ҳар роҳ таъқиб ва таълими онҳо пешгирӣ карда шуда, ба таълимоти олимони донишманд Форобӣ ва Абўалӣ ибни Сино ҳамлаҳо оварда мешуд. Илми ситорашиносиро танҳо ходимони дин ва бошандагони расадхонаҳои давлатӣ меомўхтанд. Дар асрҳои XI-XII илми таърих ба бисёр дастовардҳои бузург ноил шудааст. Дар асрҳои XI-XII дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Тирмиз, Урганҷ, Марв, Ҳирот, Нишопур ва Исфаҳон, ки дар он ҷойҳо адабиёти тоҷику форс равнақу ривоҷ дошт, санъати меъморӣ хеле тараққӣ кард. Сохтмони кохҳо, қасрҳо, масҷиду мадрасаҳо, оромгоҳҳо корвонсаройҳо ва манораҳо хуб ба роҳ монда шуд. Ҳунарҳои бофандагӣ, кулолӣ, маъдангудозӣ ва сангтарошиву кандакорӣ дар авҷ будаанд.
Доираи адабии шаҳри Бухоро бо аз байн рафтани давлати Сомониён пароканда шуд. Олимону донишмандон ва шоирону адибон ба чор тараф гурехтанд. Шаҳри Бухоро дар натиҷаи истилою ғорати кўчманчиён валангор шуда буд. Дар замони давлатдории Ғазнавиён чандин маротиба доираҳои адаби ташкил шудаанд, вале ҳамаи онҳо аз байн рафтаанд.
Дар ин давра адабиёти форсу тоҷик аз доираҳои кишварҳои тоҷикнишин берун омада, то ба Ҳиндустон расид. Доираҳои адабии пурқувват дар асрҳои XI-XII дар шаҳрҳои Ғазнин, Марв, Самарқанд, Исфаҳон, Нишопур, Табрез, ва Ганҷа ба фаъолият шурўъ намудаанд. Аксарияти ин доираҳои адабӣ дарборӣ, ҳисоб мешудаанд. Намояндагони бузургу барҷастаи адабиёти асрҳои XI-XII Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Носири Хисрав, Масъуди Саъди Салмон, Умари Хайём, Муиззӣ ва Низомии Ганҷавӣ буданд. Шоирони ин давр ба анъана ва мазмуни ашъори Рўдакию Дақиқию Фирдавсӣ пайравӣ мекардаанд. Шаклҳои асосии назми асрҳои XI-XII аз маснавӣ, қасида, ғазал, рубоӣ иборат буданд. Хусусияти аввалини адабиёти асрҳои XI-XII он буд, ки ҳаҷму нуфузи адабиёти дарбор дар ҳаёти адабиву илмӣ хеле зиёд шуд. Хусусан қасидасароӣ дар ин давра хеле инкишоф ёфт.
Дар ин давра насри бадеӣ низ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои насрии ин давра берун аз дарбор эҷод шудаанд. Забони асарҳои насрии асри XI-XII соддаву равон буда, аз забони насри асри X кам фарқ мекард. Дар ин асарҳо мақсаду маром ба тарзи оддӣ, фаҳмо ва барҷаста ифода гардидааст. Ҳамаи ин асарҳо бо забони асили тоҷикӣ офарида мешудаанд. Яке аз намунаҳои хуби ин гуна асарҳо «Қобуснома» мебошад. Баъдан насри асрҳои XI-XII бо назм омехта гардид ва порчаҳои шеърӣ низ дар онҳо иқтибос мешуданд. Майли шоирону адибон ба офаридани асарҳои пандуахлоқӣ, таърихӣ ва илмӣ зиёд мегардид. Намунаҳои барҷастаи насри ин давра: «Сафарнома», «Қобуснома», «Калила ва Димна», «Синдбоднома», Самаки Айёр» мебошанд.
Тарғибу адлу инсоф, донишу хирад, даъват ба кори хайр, некиву накўкорӣ дар адабиёти насрии асри XI-XII бештар дида мешавад. Дар баробари рушду инкишофи ғояҳои мардумӣ дар адабиёти асрҳои XI-XII таназзули назми дарбор низ ба назар мерасад.