Сообщения

Танга дар зери курсӣ (ҳикоя)

  Овардаанд, ки рӯзе амири Сомонӣ Абуалиро имтиҳон карданӣ шуд. Ӯ ба пешхизматони худ амр намуд, ки дар зери чор пояи курсии Абуалӣ чор танга гузоранд. Онҳо амри ӯро ба ҷо оварданд. Абуалӣ омада, ба рӯи курсӣ нишаст, руй ба ҷониби осмон кард ва боз ба ҷониби замин нигоҳ карда, аз тааҷҷуб ва ҳайрат сари худро ҷунбонидан гирифт. Амири Сомонӣ гуфт: -Ҳакими замонро чӣ чиз дар тааҷҷуб андохтааст, ки ин қадар мутаҳайиранд? Абуалӣ гуфт: -Ман имрӯз чунин дармеёбам, ки тахти ман ба миқдори пушти корде баланд гашта ё худ осмон ҳамон миқдор ба замин наздик шудааст. Амири Сомонӣ ва аркони давлаташ бар камоли ҳис ва эҳсосоти ӯ таҳсин ва офарин намуданд.

Достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ

 Нақша:  Маълумоти мухтасар дар бораи шоир 1. Мазмуни асосии достон 2. Симоҳои асосии достон Хулоса Низомӣ яке аз шоирони бузурги форсизабони Озорбойҷон ба шумор меравад. Ў аз хоки Озорбойҷон хеста, дар доираи адабии форсу тоҷик тарбия ёфта, адабиёти форзизабононро ба пояҳои баланде бардоштааст. Низомӣ соли 1141 дар оилаи курдҳои Озорбойҷон ба дунё омадааст. Падари Низомӣ аз аҳли илму фазл будааст. Як муддат дар дарбор адои хизмат ҳам мекунад. Ў ба ҳама аҳли дарбор писанд меояд. Вале худи шоир ҳаёти дарборро напеписандад, Ў мехоҳад дар ҷое бошаду танҳо хизмати мардумро анҷом диҳад. Мероси адабии шоир хеле бою ғанӣ аст. Ў дар адабиёт офарандаи яке аз асарҳои безаволи «Хамса» маҳсуб дониста мешавад. «Хамса»-и Низомӣ дорои панҷ асари бузург мебошад.  Достони «Хусрав ва Ширин» дуввумин маснавии «Хамса»-и Низомӣ мебошад, ки шоир онро дар тўли се сол таълиф намудааст. Мавзўи асосии достон ишқу муҳаббати поки инсонӣ буда, бо сурудани он шоир тавонист дар адабиёти тоҷику форс асо...

Ҳаёт ва фаъолияти Низомии Ганҷавӣ

 Нақша:  Муқаддима  1.Ҳолу аҳволи шоир 2. Фаъолияти адабии шоир Хулоса Низомии Ганҷавӣ яке аз шоирон ва суханварони бузурги Озорбойҷон буда, бо тахаллуси Низомӣ дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ маълуму машҳур гардидааст. Ў соли 1141 таваллуд шудааст. Падар ва гузаштагони шоир аз аҳли илму фазли замони худ будаанд. Низомии Ганҷавӣ дар хурдӣ аввал аз падар ва баъд аз модар ятим мондааст. Тарбияи минбаъдаи Низомиро тағояш Хоҷа Умар бар ўҳда мегирад. Таҳсили ибтидоии ў дар зодгоҳаш шаҳри Ганҷа сипарӣ мешавад. Ў бо ғамхорӣ ва саъю кўшиши тағояш тамоми илмҳои замонаро аз худ менамояд. Дере нагузашта ба дарбор даъват карда мешавад. Низомӣ ҳарчанд бо ҳакимони замони худ муносибати хуб дошта бошад, вале аз шукўҳу шавкати дурўғини аҳли дарбор хабардор буд. Ў қаноатпешагиро аз ҳолу аҳволи онҳо беҳтару хубтар медонист. Ў зулму золимии ҳамешагии аҳли дарборро дида, ба ҳокимон панду андарз медиҳад, ки аз чунин амалҳои бад даст кашанд: Моли ятимон ситидан кор нест,  Бигзор, ин ...

Ҳаёт ва фаъолияти Асадии Тусӣ

 Нақша:  Муқаддима 1.Ҳаёти мухтасари шоир 2. Мероси адабии Асадии Тўсӣ Хулоса Асадии Тўсӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик аввалин шоири сарояндаи мунозираҳои тоҷикӣ ба шумор меравад. Абўмансур Алӣ ибни Аҳмад Асадии Тўсӣ ҳамчун луғатшинос ва хаттоти машҳури замони худ шинохтаву эътироф гардидааст. Шоир соли 1005 дар Тўс ба дунё омадааст. Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, шоир таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳи хеш гирифта, илмҳои расмии замонаашро аз қабили адабиёти арабӣ, таърих, фалсафа ва ҳикматро омўхта, илми хаттотиро низ хеле хуб аз бар намудааст. Аз овони ҷавонӣ ба шеъру шоирӣ майлу рағбати зиёд дошта, ба ҷамъ овардани луғат майл доштааст. Натиҷаи ҳамаи ин заҳматҳо ҳамин буд, ки ў «Луғати фурс»-ро таълиф намуд. Шоир ба Хуросон ва Озорбойҷон сафар намудааст. Баъди  сафарҳои дурудароз ба ватани худ баргашта, соли1073 дар зогоҳи худ- Тўс вафот мекунад.  Таъкид намудан лозим аст, ки фаъолияти илмиву адабии шоир хеле барвақт оғоз шудааст. Мероси адабии ў бою рангин буда, ...

Мазмун ва мундариҷаи рубоиёти Умари Хайём

Нақша:  Муқаддима 1. Ҳаёти мухтасари шоир  1. Мундариҷаи ғоявии рубоиёти Умари Хайём  Хулоса Умари Хайём яке аз шоирони бузурги адабиёти классикӣ ба шумор меравад. Шоири тавоно ва ҳакими донишманд ҳамчун устоди рубоӣ маҳсуб  мешавад. Хайёми Нишопурӣ, ки мутахаллис ба Хайём будааст, соли 1048 дар шаҳри Нишопури Эрон ба дунё омадааст. Шоир умри дарози пурбаракат дидааст. Ў соли 1131 дар зодгоҳи худ шаҳри Нишопур аз олам даргузаштааст. Мадфани ўро мардуми Нишопур бо ҳурмату эҳтиром нигоҳубин мекардаанд. Вале хешовандони худи шоир дар Шодях барои Умар оромгоҳе сохтанд, ки ҷоми сарнагунро мемонад. Оромгоҳ бо рубоиҳои дилангези худи шоир ороиш дода шудааст.  Тавре маълум аст, аз шоир ба мо асарҳои зиёде боқӣ, мондааст: «Наврўзнома», «Мушкилотулҳисоб» «Зичи маликшоҳӣ» ва ғайра. Ба ғайр аз осор шоир рубоиҳои зиёде низ дорад, ки албатта, на ҳамаи онҳо то ба рўзгори мо омада расидаанд. Мавзўи рубоиёти шоир мухталиф мебошад. Масъалаҳои фалсафаи зиндагӣ, рози ҳастӣ, одобу а...

Ҳаёт ва фаъолияти Умари Хайём

 Нақша:  Муқаддима 1. Маълумоти мухтасар дар бораи шоир  2. Мероси адабии шоир  Хулоса  Умари Хайём ҳамчун устоди рубоӣ дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ маълуму машҳур шудааст. Ў дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ба сифати бузургтарин шоир, файласуф, риёзидон, ҳайатшинос шинохтаву эътироф шудааст. Умари Хайём соли 1048 дар шаҳри Нишопур ба дунё омадааст. Азбаски падари ў хаймадўз будааст, тахаллуси адабию шоирии Хайём низ аз касбу ҳунари падарии худ гирифта шудааст. Хайём то сини 17-солагӣ тамоми илмҳои замонаашро аз бар намуда, дар ҳамин синну сол ҳамчун донишманди нуқтасанҷ ва олими маъруфи замон эътироф мешавад. Замони таҳсили худро дар назди устодон ба хотир оварда, қайд менамояд, ки худаш низ замоневу лаҳзае ба устодӣ расида будааст: Якчанд ба кўдакӣ ба устод шудем,  Якчанд ба устодии худ шод шудем.  Поёни сухан шунав, ки моро чӣ расид: Чун абр дар омадему чун бод шудем.  Умари Хайём баъди вафоти падараш ба саёҳати шаҳрҳои Мовароуннаҳр...

МОДАРНОМАИ ЛОИҚ БА МОДАРАМ

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам, Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят, Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон, Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният, Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман! Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро, Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ, Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ, Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ, Чи дунёест дунёи умеди ту, Аё модар, аё модар! Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният, Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд. Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро, Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ… Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯӣ, Аё модар, аё модар! Бурун аз деҳа норафта, надидӣ рӯи дунёро, Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ. Ба гирди русто домони гардун гӯӣ часпида Туро барбаст роҳи нийяту азми ҷаҳонгардӣ. Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту, Аё модар, аё модар! Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ, Ту доим «Ҳафтяк» мондӣ ба зери болиши кӯдак, Ки шояд тифл беб...

Мундариҷаи ғоявии ашъори Носири Хусрав

Нақша:  Муқаддима 1. Мазмуни ашъори шоир  2. Ҳаёти мухтасари шоир Хулоса Носири Хусрав дар баробари шоир буданаш дар адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун ҳакими донишманд, донандаи хуби сарфу наҳви арабӣ, илоҳиётшиноси машҳур ва риёзидони беҳтарин ном баровардааст. Ў соли 1004 дар шаҳри Қубодиён таваллуд ёфтааст. Баъд аз таҳсили илм, дар синни 26- солагӣ ба даргоҳи Ғазнавиён роҳ ёфта, дар назди Султон Маҳмуд ва Султон Масъуди Ғазнавӣ хизмати давлатиро анҷом медодааст. Дар дастгоҳи давлатӣ нуфузи назаррасе доштааст. Аслу насаби шоир аз рўйи гуфтаи худи ў аз озодагон, яъне аз ашрофони заминдор будаанд. Шоир сафарҳои дурударозеро анҷом додааст. Баъди ҳамаи ин сафарҳо ба дараҷаи «Ҳуҷҷат», ки яке аз мансабҳои баланди мазҳаби исмоилиён буд, мушарраф гардидааст. Ҳакими бузург баъди ин ҳама сафарҳо ба шаҳри Балх баргашта, қариб 8 сол ба тарғибу ташвиқи ақидаҳои Исмоилиён шуғл варзидааст. Носири Хисрав то охири умри худ дар мавзеи Юмгондараи Бадахшон зиста, соли 1088 вафот кардаас...

Ҳаёт ва фаъолияти Носири Хусрав

Нақша:  Муқаддима 1. Шарҳи зиндагии шоир 2. Мероси адабии шоир Хулоса Носири Хусрав дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ва аҳли илму адаби машриқзамин яке аз шоирону нависандагоне аст, ки дар давоми умри бобаракати худ бо назму наср асарҳои зиёде эҷод намудааст. Шоир дар бораи фаровонии асари хеш чунин фармудааст: Мангар бад-ин заиф танам, з-он ки дар сухан,  З-ин чархи пурситора фузун аст асар маро.  Носири Хусрав, ки гоҳо худро Марвазӣ низ гуфтааст, соли 1004 дар шаҳри Қубодиён таваллуд шудааст.  Носири Хусрав аз овони кўдакӣ ба илму дониш ва касбу ҳунар шуғл варзида, маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ касб намудааст. Шоир дар мадрасаҳои шаҳри Қубодиёну Балх ба омўхтани сарфу наҳви арабӣ, балоғату фасоҳат, тафсир, ҳадис, илоҳиёт ва монанди онҳоро омўхта, ба роҳи худомўзӣ илмҳои замони худ арўз, қофия, фалсафа, таърих, мусиқӣ, ҳисоб, ҳандаса, табиатшиносӣ ва забонҳои ҳиндиву юнониро низ аз худ намудааст.  Баъдҳо Носири Хусрав ҳамчун яке аз шоирони маълуму машҳур ...

Ҳаёт ва фаъолияти Масъуди Саъди Салмон

 Нақша:  Муқаддима 1. Ҳаёти шоир 2. Мероси адабии ў Хулоса Масъуди Саъди Салмон яке аз устодони бузурги адабиёти тоҷику форс буда, дар навиштани қасида истеъдоди баланде доштааст. Ў соли 1047 дар шаҳри Лоҳури вилояти Панҷоби Покистон ба дунё омадааст. Шоир дар Покистон таваллуд шуда бошад ҳам, бо забони форсии тоҷикӣ шеъру ғазалу қасида эҷод намудааст. Ин забон дар он замон дар Ҳиндустону Покистон забони давлатӣ маҳсуб мешуд. Гузаштагон ва авлоду аҷдоди Масъуди Саъди Салмон аз шаҳри Ҳамадон будаанд. Падари ў аз аҳли фозилон ва донишмандони замони худ будааст. Падараш бо писари Масъуди Ғазнавӣ Султон Маҷдуд, ки ҳокими яке аз вилоятҳои Ҳиндустон таъин гардида буд, ба он ҷо сафар намуд. Бинобар ин Саъди Салмон муддате дар Ҳиндустон истиқомат кардааст. Масъуди Саъди Салмон як замон дафтардор ва сарҳисобчии девони давлатӣ низ будааст: Шаст соли тамом хизмат кард,  Падари банда Саъд бинни Салмон.  Гоҳ ба атроф будӣ аз аъмол,  Гоҳ ба даргоҳ будӣ аз аъён.  Таҳсилот...

Модари меҳрубони ман

Шабҳо бари гаҳвораи ман, Бедор нишасту хуфтан омӯхт. Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт. Эраҷ Мирзо Дар дунё ширинтар аз калимаи модар ва гуворотар аз суханони пурмуҳаббати ӯ каломе нест. Модар сарчашмаи тамоми некиҳо ва оғози ҳамаи хубиҳост. Чеҳраи гарму дили бузургаш сафобахши зиндагии фарзанд аст. Модар офтоби дурахшонест, ки бо нуру зиёи хеш рӯзгори фарзандро рӯшану мунаввар месозад, бо анвори пурҷилояш гармиву саодат ато мекунад. Ин аст, ки тамоми суханварони олам дар васфи бузургиву қудрати модар беҳтарин суханонро ба кор бурдаанд ва муҳаббату самимияти ӯро ситоиш намудаанд. Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар «Модарнома» - и хеш, ки саросар ашъори бенамуна ва нотакрореро дар васфи модар фаро мегирад, чунин мегӯяд: Сад ҷону дил фидои як муддаои модар, Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар. Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занам сар Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар. Воқеан модар азизтарин ва меҳрубонтарин шахс барои ҳар яки мост. Дасти дуои модар ва суханони сам...

Иди Меҳргон – маълумот, иншо ва эссе дар бораи чашни Мехргон

“Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.”   Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанд...