Достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ
Нақша: Маълумоти мухтасар дар бораи шоир 1. Мазмуни асосии достон 2. Симоҳои асосии достон Хулоса Низомӣ яке аз шоирони бузурги форсизабони Озорбойҷон ба шумор меравад. Ў аз хоки Озорбойҷон хеста, дар доираи адабии форсу тоҷик тарбия ёфта, адабиёти форзизабононро ба пояҳои баланде бардоштааст. Низомӣ соли 1141 дар оилаи курдҳои Озорбойҷон ба дунё омадааст. Падари Низомӣ аз аҳли илму фазл будааст. Як муддат дар дарбор адои хизмат ҳам мекунад. Ў ба ҳама аҳли дарбор писанд меояд. Вале худи шоир ҳаёти дарборро напеписандад, Ў мехоҳад дар ҷое бошаду танҳо хизмати мардумро анҷом диҳад. Мероси адабии шоир хеле бою ғанӣ аст. Ў дар адабиёт офарандаи яке аз асарҳои безаволи «Хамса» маҳсуб дониста мешавад. «Хамса»-и Низомӣ дорои панҷ асари бузург мебошад. Достони «Хусрав ва Ширин» дуввумин маснавии «Хамса»-и Низомӣ мебошад, ки шоир онро дар тўли се сол таълиф намудааст. Мавзўи асосии достон ишқу муҳаббати поки инсонӣ буда, бо сурудани он шоир тавонист дар адабиёти тоҷику форс асо...