Сообщения

Сообщения за январь, 2024

Душанбе- пойтахти Тоҷикистон

Изображение
Маданият ва фарҲанг зодаи шаҲр мебошанд. Дар шаҲр илму фарҲанг ташаккул меёбад. Мардуми тоҷик куҲантаърих мебошанд. Дар гузаштаи дур мо дорои шаҲрҲои азими фарҲангӣ будем, ки Тахти Ҷамшед аз он далолат медиҲад. Дар тақсимоти даврони шўравӣ шаҲрҲои таърихии тоҷикон- Бухорову Самарқанд ба Ҳайати ҶумҲурии Ўзбекистон дохил гардиданд. Барои мо мавҷудияти шаҲре чун марказ шарт ва зарур буд. Ба ин хотир мо азм намудем, ки деҲаеро бо номи Душанбе обод ба дараҷаи пойтахт обод созем. Ин дар назари аввал ғайриимкон менамуд, вале иродаи мустаҲками мардуми мо ба Ҳама кор қодир будани ин мардумро бори дигар собит намуд. Инак, соли 1924 Душанбе пойтахти РСС Тоҷикистон эълон гардид ва соли 1925 дараҷаи (статус) шаҲриро касб намуд. Пойтахти тоҷикон чун шаҲри ҷавон зуд инкишоф меёфт.  Баъдан он номи Сталинободро гирифт.  Ин шаҲри ҷавон пойгоҲи умеди тоҷикони ҷаҲон ба шумор меравад. Бо вуҷуди ҷавонӣ Душанбе дорои заводу фарика, корхонаҲои калони истеҲсолӣ ва  муассисаҲои таълимӣ  мебош...

Забони мо- ҷаҳони мо

Изображение
 Соли 2008-ро бо ибтикори сарвари давлат Соли забони тоҷикӣ эълон доштанд, ки ин боиси хушнудист.  Эътибори роҲбари кишвар ба забони давлатӣ хосса буда, гуфтаҲои эшон моро ба Ҳушёрӣ ва забондўстӣ Ҳидоят менамояд: «Забон калиди дониш ва маърифат аст. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Забон барҷастатарин ва гўётарин поя, шиноснома ва нишони бақои Ҳар як халқу миллат аст. Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҲифаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҲнамои худшиносию худафрўзиаш- забонро Ҳифз кунад ва онро Ҳамчун волотарин мерос ба наслҲои оянда расонад.Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҲои асосии давлатдории миллӣ мебошад. Таърих гувоҲ аст, ки агар забони миллат аз байн равад, миллат Ҳам дер ё зуд тафаккури миллӣ, ифтихори ватандўстӣ ва Ҳуввияти давлатдориашро аз даст дода, ба забону тамаддуни халқиятҲои бегона мегаравад ва оқибат завол меёбад. Забон дар паноҲи давлат ва давлат дар паноҲи ...

Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар аст

Устод ба мо илму адаб меомўзад. Моро ба хубӣ Ҳидоят мефармояд. Ҳамеша пешрафти моро хоҲон аст. Барои амалӣ гаштани ин мақсадҲо ў пайваста ранҷ мекашад. Муаллим дили бузург дорад. Ў Ҳамаи  шогирдонашро бо як чашм мебинад. Дар мавридаш меҲрубонӣ мекунад ва агар зарурат пеш ояд,  сахтгирӣ. Ин Ҳама ба манфиати кор аст. Мо аз ў дарси ибрат мегирем,  устод дари донишро ба рўямон боз мегардонад.    Васфи ў дар адабиёти мо мавқеи муҲимро касб менамояд. Маликушшуаро Абўабдуллои Рўдакӣ тарбияи моро вобастаи устод медонад: Ҳар киро роҲбар заған бошад,  Гузари ў бар марғазан бошад. Фирдавсии Тўсӣ ранҷи устодро сабаби осоиши тан меҲисобад ва онро ободии рўзгор мехонад: Чу хоҲӣ,  ки ранҷи тан ояд ба сар,  Аз омўзгорон мабар тоби сар! Зиндагӣ моро ибратомўз мебошад. Дар зовияҲои зиндагӣ ранҷу азоб ва мушкилоти зиёде инсонро Ҳамеша пайгирӣ менамояд ва ўро дилшикаста низ мегардонад. Инсон бояд бо нури маърифат ин мушкилиҲоро паси сар намояд,  ки дар ин ...

Касбу ҳунар беҳ аз зарри падар

Ҳунар чун мушк бувад, мушк кай ниҲон гардад?! Шуғли инсон ганҷи бепоён аст. Ободӣ ва  осудагии рўзгори мардумон аз касбу кори онҲо вобаста мебошад. Ҳар як фард бояд пешае дошта бошад, то дар зиндагӣ хору зор нагардад. Фирдавсии Тўсӣ арзиши Ҳунарро аз Ҳама боло медонад:    Ҳунар беҲтар аз гаҲвари номдор, Ҳунармандонро гавҲар ояд ба кор. Туро бо Ҳунар гавҲар асту хирад, Равонат Ҳаме аз ту ромиш барад. Ҳунар зодаи дониш аст. Илму хирад ҷаҲонро рўшаниандоз мебошанд. Аз шахси донишманд Ҳунарманди хуб мебарояд:   Ҳунар ҷўю бо пири доно нишин, Чу хоҲӣ, ки ёбӣ зи бахтофарин. Абулқосими Фирдавсӣ Касберо соҲиб шудан басо кори мушкил ва заҲматталаб мебошад. Ин раҲи умед пастиву баландиҲои зиёде дорад, ки Ҳар касро тоқати тай кардани он набошад. Шахси хирадманд дар ин ҷода устуворона қадам мезанад ва оқибат ба мақсади худ мерасад: Ҷўйи шир ояд бурун аз кўҲ баҲри кўҲкан, Рўзии худ мекунад соҲибҲунар Ҳосил зи санг.   Сайидои Насафӣ Нафароне кам нестанд, ки аз ...

Истиқлолияти ватан

Изображение
Бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ ва заиф гаштани сутунҲои Ҳокимият дар ҶумҲурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низои дохилӣ ба миён омада,  ба хоҷагии халқ  хисороти зиёд ворид сохт      Ҳазорон нафар Ҳамватанони мо аз манзили иқоматӣ маҲрум гашта,  қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ гардиданд. Новобаста ба ин,  халқи тоҷик ба субҲи умед эътимод дошта бо чунин андеша тасаллӣ меёфт:   Аз ноумедиҲо басе умед аст,    Поёни шаби сиёҲ сафед аст. Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҲифаи фаромўшнашуданӣ ва Ҳузнангез сабт шудааст,  то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад. БешубҲа Иҷлосияи 16 Шўрои Олии ҶумҲрии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда,  дар таърихи миллати тоҷик саҲифаи наверо боз намуд. МаҲз  Ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъмин нмуда,  дастгоҲи нави давлатиро,  ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад,  рўйи кор овард.     Президенти ҶумҲурии Тоҷикистон ...

Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт

Дўстӣ сарчашмаи Ҳамаи некиҲост. Аз дўстӣ одамон давлати ҷовидон хоҲанд ёфт. Бо дўстиву рафоқат олам пойдор мебошад. Ҳар як фарди солимфикр бояд дар ҷодаи дўстӣ устуворона қадам гузорад.  Алӣ ибни Абўтолиб (ъ) дар ин мавзўъ қайди ҷолиб дорад «Нотавонтарини мардум касест, ки тавони ба даст овардани дўстонро надорад ва нотавонтар аз ў касест, ки дўсте ба даст орад ва ўро аз даст бидиҲад».  Дўстиро ба касе бояд кард, ки донишу хирад дошта бошад, вагарна мо пушаймон мешавем: Чӣ нохуш бувад дўстӣ бо касе, Ки моя надорад зи дониш басе. Абулқосими Фирдавсӣ Пайдо кардани дўст кори осон набувад: «Дўстро зуд душман тавон кард, аммо душманро дўст гардондан душвор бувад».                 Унсурулмаолии Кайковус Замоне мо пир мешавем. Ҳама мавҷудоти олам пириро мепазирад, вале дўстиву рафоқат аз он ориянд: Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон, Магар дўстӣ, к-он бувад ҷовидон.   Абўшакури Балхӣ Ба қадри дўсти содиқ расидан ва ўро эҲтиром ...

Некӣ бимонад ҷовидон

Агар хоҲед, ки номи шумо ба некēйӣ ёд шавад, номи дигаронро ба бадӣ ёд накунед. Алӣ ибни Абўтолиб   Некӣ кардан аз хислатҲои хуби инсонсонист.  Китоби қадимаи тоҷикон «Авасто»  моро  ба сўи хубиҲо «рафтори нек, гуфтори, пиндори нек» раҲнамун месозад. Бо кори нек мо ба дили мардумон роҲ меёбем. Некиро Ҳеҷ кас фаромўш намекунад. Одами оқилу хирадманд Ҳамеша дар пайи иҷрои амалҲои хуб мебошад. Абулқосими Фирдавсӣ моро ба некӣ кардан даъват намудааст, ки он саранҷом хубӣ меорад: Ба гетӣ мамонед ҷуз номи нек, Ҳар он кас, ки хоҲад саранҷоми нек. Ба осоишу некномӣ гирой, Гурезон шав аз марди нопокрой. Абулқосими Фирдавсӣ Номи некон аз забон намеравад ва мардум баъди ҲазорсолаҲо аз онҲо ёдоварӣ мекунанд. Корнамоии фарзандони барўманди тоҷик Шерак, Деваштич ва Темурмалик баҲри дифои кишвари азизи аҷдодиамон мисоли ин гуфтаҲост. Ин фарзандони барўманди ватан, ки қалбашон саршори меҲру муҲаббат ба диёр буд, барои ватан ҷон доданд ва ояндагон онҲоро бо некӣ ба хотир м...

Некӣ бимонад ҷовидон

Агар хоҲед, ки номи шумо ба некēйӣ ёд шавад, номи дигаронро ба бадӣ ёд накунед. Алӣ ибни Абўтолиб   Некӣ кардан аз хислатҲои хуби инсонсонист.  Китоби қадимаи тоҷикон «Авасто»  моро  ба сўи хубиҲо «рафтори нек, гуфтори, пиндори нек» раҲнамун месозад. Бо кори нек мо ба дили мардумон роҲ меёбем. Некиро Ҳеҷ кас фаромўш намекунад. Одами оқилу хирадманд Ҳамеша дар пайи иҷрои амалҲои хуб мебошад. Абулқосими Фирдавсӣ моро ба некӣ кардан даъват намудааст, ки он саранҷом хубӣ меорад: Ба гетӣ мамонед ҷуз номи нек, Ҳар он кас, ки хоҲад саранҷоми нек. Ба осоишу некномӣ гирой, Гурезон шав аз марди нопокрой. Абулқосими Фирдавсӣ Номи некон аз забон намеравад ва мардум баъди ҲазорсолаҲо аз онҲо ёдоварӣ мекунанд. Корнамоии фарзандони барўманди тоҷик Шерак, Деваштич ва Темурмалик баҲри дифои кишвари азизи аҷдодиамон мисоли ин гуфтаҲост. Ин фарзандони барўманди ватан, ки қалбашон саршори меҲру муҲаббат ба диёр буд, барои ватан ҷон доданд ва ояндагон онҲоро бо некӣ ба хотир м...

Одоби меҳмондорӣ

Мардум беҳуда нагуфтаанд, ки меҲмон атои Худост. Бо омадани меҲмон ризқу рўзиаш низ вориди хонаи мезбон мегардад. Аз ин рў мо бояд меҲмондўст бошем: Чу меҲмон оядат, дилшод мебош, Зи Ҳар банду ғаме озод мебош.     Носири Хисрав Мардуми тоҷик дар меҲмондорӣ Ҳамто надоштанд ва Ҳатто душмани худро бо нозу неъмат пешвоз мегирифтанд.   Дар гузашта шоҲе буд бо номи Кирмон бағоят сахиву меҲмондор, Ҳамеша дари меҲмонхонаи ў барои Ҳамагон кушода. Ҳар кӣ ба шаҲри ў меомад, аз нону намаки ў баҲраманд мегашт. Рўзе шоҲи кишвари Ҳамсоя – Азизуддавла лашкар кашида қасди давлати ў кард. КирмоншоҲ қудрати бо ў ҷангидан надошт ва ба қалъа паноҲ бурд. Ҳар рўз лашкари Азизуддавла ба сари Ҳисор омада, ҷанги сахт мекарданд. Ҳар шаб шоҲ Кирмон он миқдор таом, ки лашкари Азизуддавларо кифоят буд, мефиристод. Азизуддавла пурсид, ки: «Рўз ҷанг кардан ва шаб нон додан чӣ маънӣ дорад?». КирмоншоҲ ҷавоб дод: «Ҷанг кардан изҲори мардист ва нон додан вазифаи мардумӣ. ОнҲо агарчи душманонанд, а...

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд

 Зиндагӣ бе орзу ширин набуд Маънии Ҳақиқии Ҳаёт рўҲи бедору дили зинда аст.Алӣ ибни Абўтолиб Зиндагӣ роҲи пурпечутобест, ки тай кардани он кори басо мушкил мебошад. Оқилону хирадмандон дар ин роҲ устуворона қадам мезананд ва онҲо барои мо намунаи ибратанд. Дар зиндагӣ бояд мардона зист. Умед ба ояндаи нек  мардонагист. Дар зиндагӣ ноумед набояд шуд, ки ноумедӣ танҲо хоси шайтон аст. Орзуву умед Ҳар рўзи моро ширину рангин месозанд. Умед ба гулгуншукуфоии ватан, орзуи пайдо кардани дўстони нав, Ҳаваси таҲсил намудан, хоҲиши хидмати падару модарро кардан, таманнои комёб гаштан дар зиндагӣ вуҷуди моро Ҳеҷ гоҲ тарк намекунад.    Дунё барои хуфту хоб офарида нашудааст. Ҳамагонро лозим аст, ки баҲри пешрафти ҷомеа ва ободии диёри хеш талош варзанд:  Бедор шав, дило, ки ҷаҲон ҷойи хоб нест, Эмин дар ин хароба нишастан савоб нест. Хусрави ДеҲлавӣ   Шахси меҲнаткаш ва Ҳалолкор умед ба фардои дурахшон дорад ва дар зиндагӣ устувор аст, бо кўшиши худ мехоҲад ком...

Ҷавонон- ояндаи миллат

 Ҷавонон- ояндаи миллат  Ҳар як насл таҷрибаю дониши андўхтаашро ба насли оянда мерос мегузорад. Ин таҷриба бо гузашти вақт такмил меёбад ва чун дастовард дар пешрафти ҷомеа ба кор бурда мешавад. Ҷавонон дар Ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Аз ин рў эътибори давлат ба онҲо бештар аст.  Сарвари давлатамон Эмомалӣ РаҲмон ин масъаларо муҲим хондаанд ва гуфтаҲои эшон намунаи ибрат мебошад: «Агар ҷавонон ояндаи миллат бошанд, ҷавонони боистеъдоду лаёқатмандро метавон мояи ифтихор ва сарбаландии он номид. МаҲз ҷавонони соҲибмаърифату боистеъдод қудрат доранд, ки бори гарони илму фарҲанги миллати хешро бар дўш кашида, Ҳамчун Ҳалқаи зарурӣ дар занҷири маърифати аз насл ба насл омада хидмат намоянд. МаҲз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи Ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҲо ва рўҲи абадзиндаи аҷдодони бофарҲанги хешро, ки Ҳанўз дар аҲди Сомониён соҲиби марказҲои бузурги тамаддун ва доираҲои тавонои илмию адабӣ буда...

Адаб ҳусни инсон аст

 Оре, шахси боадаб ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархўрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурўтану боҳиммат ва дуран¬дешу донишманд мешаванд. Фурўтаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси боадаб буда, ба ҳусни ў ҳусни дигаре зам мекунад. Аз ин рў, аз чеҳари шахсоне, ки ба худ фурўтаниву боҳимматиро пеша карданд, мудом нур меборанд. Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътирофаш карданд. Нурест, ки шахсро аз ҳаргуна нокомиҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ин ингуна шахсон ба хубӣ медонанд, ки бузурге гуфта: Манманиҳо пешаи шайтон бувад, Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад. Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумўъ низ ба миён меояд. Аз ин хотир адаб роҳнамоӣ зиндагӣ буда, онро ҳамчун чароғаки раҳнамо ба низоми муайян медарорад. Бинобар ин дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Дар ингуна хонадон мудом файзу барака ҳукм меронад. Нисбати ин хонадон шахсони дигар бо ҳавас менигаранд. Зеро фарогирии адаб ба худи инсон вобаста аст. ...

Аз гузашта бояд ибрат гирифт

 Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор. Оре, гузашти рӯзгор ибратест фардоро. Ҳар як инсони асил набояд гузаштаи миллати хеш, қавми хеш ва наздикону пайвандонро фаромӯш созад. Зеро бе гузашта имрӯзро наметавон дид. Ояндаро низ наметавон интизор шуд. Ҳар як кору амале, ки шуда мегузарад, барои инсон таъсири хубе, ё баде мегузорад, хурсанд, ё андӯхгин мегардонад. Ба пешравӣ ноил мегардонад, ё баръакс. Ҳар хеле набошад, инсон аз он дарси ибрате мегирад, ки он дарс ба ягон макотибу ба ҳеҷ омӯзгору китобе рабт надорад. Он дарси ибрат аст, ки новобаста аз гузашти айём, новобаста аз қобилияти фикрии муҳит дар ёди инсони комил нақш мебандад. Гузашти рӯзгор кони хираду маданият ва ибрати покизагист, ки тарбиятгари ҳамагон аст. Ҳар як лаҳзаи он омӯзандаи алфози наву гуногунмаънист, ки албатта онро инсони бузургдилу андешаманд метавонад эҳсос намояд. Зеро Соиби бузург фармуда: Ақли дурандеш бар мо роҳи рӯзӣ бастааст, В-арна, ҳар ангушт пистонест тифли ширро. На ҳар кас...

Аз гузашта бояд ибрат гирифт

 Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор. Оре, гузашти рӯзгор ибратест фардоро. Ҳар як инсони асил набояд гузаштаи миллати хеш, қавми хеш ва наздикону пайвандонро фаромӯш созад. Зеро бе гузашта имрӯзро наметавон дид. Ояндаро низ наметавон интизор шуд. Ҳар як кору амале, ки шуда мегузарад, барои инсон таъсири хубе, ё баде мегузорад, хурсанд, ё андӯхгин мегардонад. Ба пешравӣ ноил мегардонад, ё баръакс. Ҳар хеле набошад, инсон аз он дарси ибрате мегирад, ки он дарс ба ягон макотибу ба ҳеҷ омӯзгору китобе рабт надорад. Он дарси ибрат аст, ки новобаста аз гузашти айём, новобаста аз қобилияти фикрии муҳит дар ёди инсони комил нақш мебандад. Гузашти рӯзгор кони хираду маданият ва ибрати покизагист, ки тарбиятгари ҳамагон аст. Ҳар як лаҳзаи он омӯзандаи алфози наву гуногунмаънист, ки албатта онро инсони бузургдилу андешаманд метавонад эҳсос намояд. Зеро Соиби бузург фармуда: Ақли дурандеш бар мо роҳи рӯзӣ бастааст, В-арна, ҳар ангушт пистонест тифли ширро. На ҳар кас...

Аз захми сухан захми табар беҳ

 Забони сурх сари сабзро диҳад барбод. Ривоят мекунанд, ки дар як замон марди ҳезумкаше умр ба сар мебурд. Ў зиндагии ҳақиронае дошту ҳар рўз ба ҷангал мерафт ва аз он ҷо як банд ҳезум оварда дар бозор мефурўхт. Аз ҳисоби фурўши як банд ҳезум ў қутии лоямути худ ва оилаи худро меёфт. Рўзҳо, моҳҳо, солҳо паси сар мешуданд. Марди ҳезумкаш як рўз ба ҷангал меравад. Дар он ҷо хирсе бо ў вомехўрад. Марди ҳезумкаш дар аввал метарсад, лекин худро ба даст гирифта ба ҷанг омодагӣ мебинад. Хирс бошад ба забон омада, бо марди ҳезумкаш ошноӣ пайдо мекунад ва ба ў барои ҷамъоварӣ намудани ҳезум кўмак менамояд. Аз ин таъби марди ҳезумкаш болида гардида, қуттии лоямуташ низ то андозае беҳтар мешавад. Акнун марди ҳезумкаш ба бозор ба ҷойи як банд ҳезум ду банд оварда мефурўхт. Як рўз марди ҳезумкаш бо нишони эҳтиром ба хирс ўро ба хонааш даъват мекунад ва зиёфат меорояд. Вақте ки хирс ба хонаи марди ҳезумкаш меояд зани марди ҳезумкаш хирсро дида мегўяд: - Дўсти ҷониат ҳамин хирси бадбўй-мӣ? Хирс а...

Бунёди сохтмонҳои азим-бунёди рушди кишвар аст

 Роҳҳо ба пеш мераванд, ба дуриҳои дур мераванд. Онҳо интиҳо надоранд. Гоҳо ба худ мисли мўйи сўхта мепечанд, гоҳе нишеб мешаванд, гоҳе рост мераванад. Роҳҳо ба пеш мераванд, шахсро ба сўйи хонаи умед раҳнамун месозанд, дилҳоро ба ҳам мепайванд, зеро гуфтаанд: «Роҳҳо пайванди дилҳо». Роҳҳо дар худ розҳои садсолаҳоро ниҳон медоранд. Бо шунидани он шахс ангушти ҳайрат мегазад, ба худ суол мекунад: «Наход роҳе, ки ба худ сабру таҳаммул пеша кардааст, чунин имтиҳони вазнини ҳаётро аз сар гузаронида бошад? Наход он шоҳиди чунин ҳодисоти бузург, наҷибу нотакрор гашта бошад? Пас барои чӣ он хомўш аст? Магар он намехоҳад ин розҳо ошкор гарданд? Пас чи сире нуҳуфта дар Роҳи бузурги абрешим? Тохту тозҳо, сўхтанҳову пухтанҳо, пайвандиҳову ободкориҳо. Бо худ чи ниҳон дорад шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Бўстон – Чанак? Пайвасти ҷануб бо шимол, пайвасти дилҳо, поягузории интиқоли молу маҳсулот дар чаҳор фасли сол». Инсон барои худ роҳ мекушояд, Фарҳоди кўҳкан аз барои Ширин дили хороро мешикофад, т...

Вақтро ғанимат дон!

 Ақраби соат тик – тик мезад. Ченаки вақтро нишон медод. Инсон бехабар аз он ки умри ў ме¬гузарад чашм ба ақрабаки соат медўзад. Вақт мегузарад, умр мегузарад. Гоҳо босамар, гоҳе беса¬мар. Мисли дарь¬ёст, ки ба оқиб барнагардад, мисли оби аз кўза рехта, ки ҳаргиз бар¬дошта наша¬вад, мисли тири аз ка¬мон ҷаста, ки баргар¬донида наме¬шавад, мисли косаи шикаста, ки ба ҳам пай¬ванд нагардад. Вақтро бояд ғанимат донист, онро сарфи корҳои хуб кард. Онро тавре истифода бояд бурд, ки дар оянда аз он пушаймон нашавӣ, онро тавре истифода бояд бурд, ки муфид бо-шад, онро тавре исти¬фода бурд, ки аз он нишон боқӣ монад, нишоне, ки аз вақти гузашта дарак диҳад, аз ҳамон вақте ки онро ба фоидаи худ истифода кардӣ. Вақти гузашта мисли он пи¬рамарди қоматхамида аст, ки ҷавонии худро дубора мекобад, он ҷавоние, ки замоне насибаш буд, он ҷавоние, ки нашъаи умри ў буд, ҷавоние, ки маънию ҳасти зиндаго¬нии ў буд. Магар он ҷавонӣ, маънию ҳастии зиндагӣ дубора бар мегар¬дад? Магар тири аз камон ҷаста бо...

Ваҳдат-пояи хушбахтӣ ва рушди миллат!

 Осмон мисли ҳарвақта софу беғубор буд. Хуршеди оламоро зулфони худро ба гетӣ паҳн намуда ҳусни худро ситоиш мекард.Одамон дар даву ғеҷ буданд. Ҳар касро сару савдое. Гурўҳе ба сўи коргоҳ мешитофт, гурўҳи дигаре барои аёдати наздикони худ мерафт, гурўҳи дигаре дар Саргарми сўҳбат буд. Ҳаёт бо як маром идома дошт. Тобистони он солҳо мисли пешин гарму нарм буд. Маҳз дар ҳамин тобистони гарму нарм 9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати кўчаки соҳибистиқлол бо номи Тоҷикистон аз худ шаҳодат дод. 9-уми сентябри соли 1991 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ таҳти рақами 392 истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуда ин рўзро ҳамчун рўзи ид муқаррар кард. Ин рўзе буд, ки фаро расидани онро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои сол интизорӣ мекашиданд. Барояш Шириншоҳ Шотемуру Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафурову садҳо дигар фарзандони фарзонаи халқи тоҷик ҷонбозиҳо намуда дар орзуяш буданд. Ниҳоят рўзи деринтизор низ фаро расид. Акнун Тоҷикистон ...

Инсон бародари инсон аст!

Инсон ба талаби табиати хеш пайваста дар кўшиш ва ташо аст ва усулан башари бефаъолият аз қатори инсонҳо хориҷ аст. Аз қадимтарин замонҳо инсон барои таъмини зиндагии хеш ва таҳияи мўҳоҷоти худ кор ме¬кардааст. Бо ин тафовут, ки кори ў комилан ҷанбаи фардӣ дошт, зеро иҷтимооти қадим пайвастагӣ ва ба ҳамбастагии имрўзро надошт ва ҳар як аз афроди инсонӣ сирфан барои намур¬дан талош меварзид.  Аз пўсти ҳайвонот барои хеш либос таҳия мекард ва аз гўшти онҳо садди гуруснагӣ менамуд. Қарнҳо аз он сол мегузарад ва инсон дар роҳи такомули хеш гом гирифт, кор кард ва андешаҳояшро масруфи дониш ва камол кард, то билохира ба остонаи тараққиёт ва шигифтиҳои имрӯзии хеш авҷ гирифт. Маҳз бародарии инсон бо инсон буд, ки ўро аз марг наҷот дод, аз ҳалокатҳо наҷот дод. Бародарии инсон буд, ки он ба қуллаҳои баланди фатҳу зафарҳо ноил гардид. Аммо ногузир аз тавзеҳи ин нуқта ҳастам, ки бояд маънии бародарии инсонро бо инсон дарк кунем. Шояд иддае бародарии инсонро бо инсон фақат дар кўмак карданҳо ...

Ифтихори миллӣ

 Тоҷикистон, Тоҷикистон, Мекунам шукри каму бисёри ту. Мекунам шукрона аз озарму озори ту, Аз ту ман сарват намехоҳам. Ватан ҳастӣ, бас аст, Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст. Эй кишвари умеди орзуҳоям, Тоҷикистон! Эй сарзамини дилситонам! Бе туву бе ёди ту нахоҳам зист, зеро ту бароям баҳори бехазонӣ, бароям баҳори шукуфонӣ, бароям нури чашму қувваи танӣ. Ту ифтихори миллии манӣ. Чашмаи ноби илҳоми манӣ, муттаҳидкунандаи тамоми тоҷикони ҷаҳонӣ. Магар мо ҳақ надорем аз ту ифтихор дошта бошем? Магар мо ҳақ надорем аз ту паноҳ дошта бошем? Магар ту нестӣ мо ифтихор аз миллат дорем, ифтихор аз ҳувият дорем, ифтихор аз ваҳдат дорем, ифтихор аз давлату давлтдорӣ дорем. Тоҷикистон! Ҳар пораи сангат, ки порае аз туст, бароям азиз аст. Рўди равонат ба ман рози дил мегўяду мурғони хушилҳонат бароям таронаи зиндагӣ мехонад. Ҳар қатраи обат барои ман оби ҳаёт аст ва ниҳоят ҳар зарраи хокат бароям азизу муқаддас аст. Соати танҳоӣ ба сўйи кўҳсорат мераваму ҳар сангатро ба даст мегира...

Мазан бар сари нотавон дасти зӯр

 Мазан бар сари нотавон дасти зур, Ки рӯзе ба пояш дарафтӣ чу мӯр. Ҳар як инсон дар зиндагӣ бояд мулоҳизакор, боандеша ва мардумдӯст бошад. Ҳамеша кӯшиш намояд, то ба дигарон мададрасону маслиҳатчӣ ва ибрату дилбардор гардад. Зеро ҳамаи одамон новобаста аз зӯру тавон ва ақлу фаросаташон зодаҳои инсонанд. Шахсиятанду пеш аз ҳама дар назди худу атрофиён қадру қимате доранд. Даме болидаруҳанду дами дигар афсурда, фурсате далеру ҷасуранду даме нотавон, муддате соҳибиззатанду бо мурури замон ба мададу дастгирие эҳтиёҷ меоранд. Инсони комилро мебояд ақлу заковати бузурги хешро кор фармуда, нисбати фарзанди бузурги инсоният, зодаҳои модарони зору ғамхор, ки бо захмати зиёд ҳамчун шахсияти баркамол ба воя расидаанд, мулоҳизакор бошад. Якеро дорову дигареро нодор, якеро заифу дигареро пурқувват, якеро донову бархеро нодону номурод напиндорад. Ҳар як амалу кирдори худро дар тарозуи ақл баркашад, нисбати инсоният равона созад. Аксарияти одамон дар ҳолати хашму ғазаб рафтору кирдорҳои ношоиста...

Одамиро ақл ҷони дигар аст

 Одамиро шуур тафовут кунонид. Он шууре, ки ба одамӣ қудрати дарк намуданро медиҳад, он шууре, ки ба одамӣ қудрати созиш намуданро бо ҳам медиҳад. Пас, ку он шууре, ки одамиро тафовут кунонид? Ку он шууре, ки одамиро бо ҳам созиш дод?. Хунрезиву харобкориҳо дар Шарқи наздику дар Афғонистон, аз бемориҳо фавтидану аз хунукназариҳо беэътиноӣ карданҳо ин аст магар маҳсули он шуури инсонӣ, маҳсули он ақли инсонӣ? Умед дорад одамӣ, умед дорад аз ғалабаи ақли одамӣ, умед дорад аз дастболошавии инсонӣ нисбат ба роҳи шайтон, ғалаба кардан аз болои нафси шайтонӣ, барқарор гардидани дўстиву баро-дарӣ. Умед дорад инсон аз ояндаи рахшон. Чун Худованд одамиро аз хок офарид ва ба тани беҷони ў бо як нафас ҷон ато намуд, инсон атса зад, ба ҳаракат омад. Худованд ба тамоми малоикону фариштагон амр намуд то онҳо ба инсон сари таъзим фуруд оранд, магар ҷузъ истиснои шайтон. Худованд шайтонро маҷбур намуд то он дар назди инсон сари саҷда фуруд орад. Шайтон дар иродаи худ истодагарӣ мекард ва гуфт: «Ин...

Ростгӯйи камоли инсонист

Ростгӯӣ ва росткорӣ аз шумори он хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки ба иродаву шуури ҳар кас вобаста аст. Касоне, ки умри худро дар фазои олами мунаввари ростгӯӣ ва росткорӣ масраф мекунанд, бешубҳа хушбахттарин шахсиятҳо мебошанд. Ростӣ мисли ҳақиқат талх аст, лекин самараи он ширин аст. Шахсро меранҷонад, лекин ҳақиқатро ошкор мекунад. Душманро дур намуда, дўсти ҳақиқиро ошкор менамояд. Маҳз ана ҳамин суханони бофтаю сохтакорона ва маккоронаи Аҳриман буд, ки дар ду китфи Заҳҳок морон пайдо шуданд, маҳз ана ҳамин суханони бофтаю сохтакорона ва маккоронаи Аҳриман буд, ки Заҳҳок даҳҳо ҷавононро тўъмаи морони девсиришти худ кард. Маҳз ана ҳамин суханони бофтаю сохтакорона ва маккоронаи Аҳриман буд, ки даҳҳо падару модарон писарони худро аз даст доданд. Сухани рост ва орӣ аз бофтаю дурӯғ ҳаргиз қимати худро гум намекунад ва баръакс, умри дурӯғ хеле кӯтоҳ ва сабаби ҳама бадбахтиҳост. Абулқосим Фирдавсӣ дар ин маврид гуфтааст: Бузург он касе, к-ў ба гуфтори рост, Забонро биёрост, каж-жӣ нахост...

Рӯзи парчами миллӣ муборак!

Изображение
  Парчамҳо таърихи беш аз 3000 сола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шудаанд. Дар Авесто дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст. Парчаму дирафш вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ, байрақ вожаи туркӣ, ливо ва алам вожаҳои арабӣ ҳастанд. Дирафши коваёнӣ яке аз ривоятҳои машҳури тоҷик ва тамоми қавмҳои ориённажод аст, ки дар “Шоҳнома” – и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба шакли достони назмӣ дароварда шудааст. Дирафши коваёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлатии Эрон дар аҳди Кушониён ва Сосониён буд. Он ба дасти арабҳои истилогар нобуд карда шуд. Парчами аввалини давлати Тоҷикистон парчами умумии ИҶШС буд. Конститутсияи соли 1924 – уми Иттиҳоди Шӯравӣ парчами сурхи дар кунҷи боло тасвири пукту дос ва дар болои он ситораи панҷгӯша доштаро қонунӣ гардонад. Моҳи феврали соли 1947 Президентиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатии ба парчами асосӣ шабе...

Тавонгарӣ ба ҳунар аст на ба мол…

 Ҳунар омўз, к-аз ҳунармандӣ, Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ. Низомии Ганҷавӣ Ҳунар, қобилият, кордонӣ, касб, пеша фазилати инсонист, ки ҳамеша инсонро сарфарозу бахтиёр ме¬гардонад. Қадри ўро сад ба ҳазор мегардонад. Дар ин бобат ривояте ҳаст. Рўзе подшоҳе сайри мамлакати худ мекунад. Ҳангоми сайру гашт чашми ў ба хонадоне меафтад, ки дар он зебосанаме машғули кор буд. Баробари дидани ҳусну ҷамоли ў подшоҳ сад ба ҳазор ошиқи шайдои он духтар мегардад. Подшоҳ бо умеди дидори висоли он зебосанам хостгорҳои худро мефиристад. Духтар дар назди хостгорҳои подшоҳ шарт мегузорад, ки агар подшоҳ илова бар маснадаш ҳунаре дошта бошад, хоҳишаш болои дида, дар акси ҳол талабаш рад меша¬вад. Аз ин ҳолат подшоҳ воқиф гашта, аз шиддати дарди ишқ ноилоҷ ба касби қолинбофӣ майлу рағбат пайдо мекунад ва нозукии ин пешаро аз бар менамояд. Ниҳоят онҳо ба мурод расида, дар соҳили рўде фароғат мекунанд. Ногоҳ борони сел борида, дасти мавҷи саркаш онҳоро низ мебаранд, яъне ғарқ мешаванд. Навкарон духтарро з...

Таҳлили достони “Лайлӣ ва Маҷнун”

 Адабиёти форс-тоҷик осмони паҳноварест, ки ситорагони дурахшони бешумор дорад. Бадриддин Ҳилолӣ дар ин осмони паҳновари илму адаб, яке аз он ситорагони дурахшонест, ки бо андешаҳои олӣ, нерӯи халлоқонаи сухан дар силсилаи суханварони бузург ҷой дорад. Чакидаҳои оташбору маънодори шоир бо ҷаззобияту зебоӣ, латофату ширинӣ ва малоҳату дилнишинӣ дили оламиёнро тасхир менамоянд. Ҳилолӣ аз камоли шеър дорад мансаби шоҳӣ,  Ки сӯзи Хусрав асту нозукиҳои Ҳасан бо ӯ. (Ҳилолӣ) Маснавиҳои “Шоҳу Дарвеш”, “Сифотулошиқин”, “Лайлӣ ва Маҷнун”ва ғазалҳои равону дилошӯбаш чун гулдастаҳои зебою хушбӯ боғи назму насри адабиёти форсу тоҷикро зеб медиҳанд. Достони “Лайлӣ ва Маҷнун”, ки онро нуқтаи баландтарини эҷодиёти шоир меноманд, охирин достони сегонаи Ҳилолист. Достони мазкур аз 1771 байт иборат буда, 34 бобро дар бар мегирад. Асоси достонро ишқи пурмоҷарои ду дилдода – Лайлӣ ва Маҷнун ташкил медиҳад. Ҳайати иштирокчиёни достони Ҳилолӣ аз рӯи теъдод зиёд аст, аммо асоситарин аз миёни онҳо ду ...

Худписандӣ далели нодонист

 Бузургии шахс ба фурўтаниву дониш, ақлу заковати инсон бошад на ба молу чоҳӣ ў. Аз ин хотир агар инсон чи қадаре, ки фурўтан бошад, пас ў ҳамон қадар боақлу дониш хоҳад буд. Дар ҳолати акс инсон худписандӣ пеша намуда, мисли паланг рўзе ба нокомӣ дучор хоҳад омад. Он инсоне, ки аз худ худписандиро дур намудааст, мисли санги вазнинест, ки онро об ҳаргиз натавонад аз ҷояш ҷунбонад. Чун санг сабук бошад об тавонад онро бо як осонӣ аз ҷо раҳонида бо худ бубарад. Санги вазнин, ки худ ҷоҳил нест, бозудӣ тўъмаи об нахоҳад гашт. Бузургон ҳикояҳои зиёде оиди худписанди гуфтаанд: Оварданд, ки рўзе рўбоҳе бо паланге вомехўрад. Рўбоҳ аз дидани паланг дар ҳарос меафтад. Лекин, рўбоҳ сири худро бой намедиҳад ва роҳи халосиро аз он меҷўяд то оне ки ҷони худро аз чанголи паланг халос кунад. Ў баробари дидани паланг дар назди ў сари таъзим фуруд овард ва таърифи падари ў кард. Аз ин хуши паланг омада худро тавонотару донотар ҳис намуд, бехабар аз он ки худписандӣ нишони беақлист. Рўбоҳ, ки худ дар...

Ҷаннат зери қудуми модарон аст!

Изображение
Модар дар ҳаёти кас ҳама чиз аст: тасалло дар маълумию имдод-гарӣ, дар бадбахтӣ, қувва дар заифӣ, нур дар дили сиёҳӣ шаб. Хуло-са, вай чашмаи шафқат, саховат, муқаддимаи ҳаловату осоиш аст. Модар! Калимаест зебо ва шуниданаш гуворо. Калимаест, ки ҳатто аз зебоии гул нозанинтар аст. Вақте, ки мо ин калимаро ба забон мегирем, ба ҷаҳоне ворид мешавем – ҷаҳони меҳру шавқат, самимият, ҷаҳоне, ки дар он суру-ди «Алла» танинандоз аст. Дар дуньё гармтар аз меҳр, ширинтар аз шаҳду шакар, болотар аз тавоноиву қудрат, нармтар аз дили модар чизе нест. Модар! Бароям хуршеди анвару моҳу ахтарӣ, бароям бахту иқболи ва ёвару раҳбар низ ва ниҳоят, бароям чашмаи ҳаётӣ. Оре, ҳамаи ин зебоиву меҳрубониҳоят бароям сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст. Аё модар бо ин ҳама бузургӣ ман агар ман ризояти туро нагирам вориди ҷаннат мегашта бошам. Модар номи ту чунон бузургу муқаддас аст, ки ҳама бо ин ном мефахранду меболанд. Ҳар кас симои дилчаспу меҳрубононаи модарро мебинаду рўҳаш тоза мешавад...

Чароғи хона мегӯянд занро…

 Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо, Норасида бодае дар ҷом мемондем мо. Модар! Калимаест зебо ва шуниданаш гуворо. Калимаест, ки ҳатто аз зебоии гул нозанинтар аст. Вақте, ки мо ин калимаро ба забон мегирем, ба ҷаҳоне ворид мешавем – ҷаҳони меҳру шавқат, самимият, ҷаҳоне, ки дар он суруди «Алла» танинандоз аст. Дар дунё гармтар аз меҳр, ширинтар аз шаҳду шакар, болотар аз тавоноиву қудрат, нармтар аз дили модар чизе нест. Модар! Бароям хуршеди анвару моҳу ахтарӣ, бароям бахту иқболӣ ва ёвару раҳбар низ ва ниҳоят, бароям чашмаи ҳаётӣ. Оре, ҳамаи ин зебоиву меҳрубониҳоят бароям сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст. Модар номи ту чунон бузургу муқаддас аст, ки ҳама бо ин ном мефахранду меболанд. Дар оғўшат тамоми оламро фаромўш мекунанд. Худро мисли кўдаки навзод ҳис мекунанд. Мехоҳанд дар оғўши модар тамоми тахливу ширинии оламро фаромўш кунанд. Ҳар кас симои дилчаспу меҳрубонона модарро мебинаду рўҳаш тоза мешавад ва мехоҳад равшании шоми модар, сарбаландии модар...